Сентябр 03, 2022 16:39 Asia/Dushanbe
  • Як кушта дар пайи тирандозии полиси Амрико дар Калифорния

Як нафар тавассути полиси Амрико дар иёлати Калифорния кушта шуд.

Амрико бо мавҷе аз хушунат, гаравгонгирӣ ва ҳамалоти мусаллаҳона рӯбарӯ аст. Солона ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, полиси иёлати Калифорния эълом кард  моҷаро бо гузорише дар бораи нопадид шудани як зан оғоз шуд .
Ба гуфтаи полиси иёлати Калифорния худрави ин зан дар хиёбони Роидл дар шаҳри Вествуди иёлати Калифорния пайдо шуд. Қабл аз соъати 11 шаб неруҳои полис дари хонаеро заданд ва як марди мусаллаҳ аз хона берун омад.
Сипас яке аз афсарони полис ба сӯи ин мард тирандозӣ кард ва ин мард дар дам ҷон бохт. Зане ҳам ки нопадил шуда буд  дар дохили ин хона пайдо шуд .
Марди кушташуда марди 43 солае буд ва то кунун пизишкии қонунӣ ӯро шиносоӣ накардааст . Полиси иёлати Калифорния дар ҳоли таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса аст.
 

 

Барчасп