Ҳамла бо корд дар Канада 25 куштаву захмӣ барҷой гузошт
Полиси Канада аз куштаву захмӣ шудани 25 нафар дар пайи ҳамалот бо силоҳи сард дар вилояти Саскачеван хабар дод.
Руанда Блакмур, дастёри комиссари полиси савораи салтанатии Канада эълом кард, ба дунболи ҳамалот бо корд дар ноҳияи Ҷеймс Смит Кери дар вилояти Саскачеван дастикам 10 нафар кушта ва 15 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Ин мақоми полис ба нақл аз расонаҳои Канада ҳамчунин эҳтимол дод, ки шумори маҷруҳин бештар бошад, ки ба тариқи дигар худро ба бемористон рисондаанд.
Бино ба эъломи полиси Канада, ин ҳодиса ду гумонбар дорад, ки талошҳои густардае барои дастгирии онҳо оғоз шудааст.
Ин ду гумонбар Даймин ва Сандерсон ном доранд, ки 30 ва 31 сола ҳастанд.
Ҷомеаи бумиёни Ҷеймс Смит Кери, ки ду ҳазору 500 нафар ҷамъият дорад, эъломи вазъияти изтирорӣ кардааст.
Ҳамчунин аз бисёре аз сокинони вилояти Саскачеван низ хоста шудааст, дар маҳалҳое, ки ҳастанд, паноҳ бигиранд.