Борис Ҷонсон расман аз нахуствазирии Британия истеъфо дод
(last modified Tue, 06 Sep 2022 13:56:37 GMT )
Сентябр 06, 2022 18:56 Asia/Dushanbe
  • Борис Ҷонсон расман аз нахуствазирии Британия истеъфо дод

Борис Ҷонсон, расман аз нахуствазирии Британия истеъфо дод.

Пас аз инки Ҳизби муҳофизакори Британия рӯзи гузашта раҳбари ҷадиди ин ҳизб ва нахуствазири ояндаи Британияро таъйин кард, Борис Ҷонсон, соате пеш ба Кохи салтанатии Балморал дар Шотландия рафт ва Малика Елизавете II низ бо истеъфои ӯ мувофиқат кард.

Ҳизби ҳокими муҳофизакори Британия саранҷоми пас аз ҳафтаҳо раъйгирӣ, рӯзи душанбеи 5 сентябр эълом кард, ки Лиз Трасс, раҳбари ин ҳизб, нахуствазири баъдии ин кишвар хоҳад буд. Пас аз ҳафтаҳо рақобати ҷанҷолӣ байни Лиз Трасс, вазири хориҷаи феълӣ ва Риши Сунак, вазири дороии собиқи Британия, Трасс бо 81 ҳазору 326 раъй дар муқобили 60 ҳазору 399 раъй дар муқобили Сунак пирӯз шуд.

Вай сеюмин нахуствазири зан дар таърихи Британия маҳсӯб мешавад.

Лиз Трасси 47 сола, ҷонишини Борис Ҷонсон мешавад, ки пас аз моҳҳо расвоӣ, ки боиси коҳиши ҳимоят аз давлаташ шуд, маҷбур шуд дар моҳи июл истеъфои худро эълом кунад.