Исломшиноси маъруфи Русия даргузашт
Ҳайдар Ҷамол, раиси Кумитаи исломии Русия дар синни 70 солагӣ даргузашт.
Ба иттилои сафаҳоти иҷтимоии марбут ба ин исломшинос, Ҳайдар Ҷамол шаби гузашта ин дунёро бадруд гуфт.
Мудирони шабакаҳои иҷтимоии марбут ба вай бо изҳори таассуф аз даргузашти ин исломшиноси маъруфи рус, аз даргоҳи илоҳӣ омурзиш ва қабули аъмоли неки вайро талаб карданд.
Ҳайдар Ҷамол 6 ноябри соли 1947 дар шаҳри Маскав мутаваллид шуд. Вай соли 1995 Кумитаи исломии ҷунбиши мардумиро ташкил дод ва онро раҳбарӣ мекард.
Ҳайдар Ҷамол аз таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон огоҳии хубе дошт ва дар бораи таҳаввулоти Тоҷикистон низ борҳо изҳори назарҳое кардааст.
Ҳайдар Ҷамол яке аз маъруфтарин назарияпардозони исломӣ ва файлсуфон дар Русия ба шумор мерафт, вай муаллифи шаш китоб буда ва барои ҷудо кардани мавзуи терроризм аз ислом талоши фаровоне кардааст.