Сентябр 08, 2022 11:40 Asia/Dushanbe
  • Раиси Шӯрои Аврупо: Аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон даст намекашем

Раиси Шӯрои Аврупо гуфт, Аврупо аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон даст намекашад.

Чарлз Мишел дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазираи Қатар афзуд, бо вуҷӯди нишонаҳои манфӣ дар хусӯси пешниҳоди Иттиҳодия Аврупо, мо аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, даст намекашем.

Пештар Ҷон Кирби, ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико эълом карда буд, ки ҳануз дар марҳалаи талош барои иҷрои муҷаддади БарҶом ҳастем.

Вай бо ишора ба вуҷӯди ихтилофҳо гуфта буд, ки наметавонад, замонеро барои таҳаққуқи тавофуқ эълом кунад ва ҳангоме, ки тавофуқ ҳосил шуд ҳама аз он огоҳ мешаванд.

Дар ҳамин робита Карин Жан-Пьер, сухангӯи Кохи Сафед низ рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ дар нишасти хабарӣ бо такрори иддаоҳои ҳамешагӣ, мабни бар доштани мавзеи усӯлии Амрико аз ибтидои музокироти Вена муддаӣ шуд: агар Эрон омодаи пайбандӣ ба тавофуқи ҳастаии 2015 бошад, мо низ омодаи анҷоми ҳамон кор ҳастем.

 

Барчасп