Интиқоди Русия аз баёнияи бемавқеъи се кишвари аврупоӣ дар бораи Эрон
(last modified Sun, 11 Sep 2022 16:12:19 GMT )
Сентябр 11, 2022 21:12 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз баёнияи бемавқеъи се кишвари аврупоӣ дар бораи Эрон
    Интиқоди Русия аз баёнияи бемавқеъи се кишвари аврупоӣ дар бораи Эрон

Намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена аз баёнияи рӯзи шанбе се кишварҳои аврупоӣ дар бораи Эрон интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Улянов, бо интиқод аз баёнияи рӯзи шанбе се кишвари аврупоӣ дар бораи Эрон судури онро дар замони ҳасоси музокироти Вена ва дар остонаи нишасти Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ иқдоми бемавқеъ тавсиф кард.

Ба дунбони судури ин баёнияи аврупоӣ сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард: Мо бо се кишвари аврупоӣ мувофиқем, ки набояд эҳёи БарҶом машрут ба махтума эълом кардани таҳқиқоти ожонси байналмиллалии энержи атомӣ пайромуни кашфи зароти урониюм дар се сойти ҳастаӣ Эрон бошад.

Ин сухангӯ афзуд: Замоне, ки мудири кулли ожонси байналмиллалии энержи атомӣ ба шӯрои ҳукком гузориш дод, ки масоили боқимонда бо Эрон ба сурати равшан ҳаллу фасл шуда аст он вақт мо интизор дорем, ки ин парвандаи Эрон аз дастури кори шӯрои ҳукком хориҷ шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷадидтарин гузориши ожонси байналмиллалии энержи атомӣ аз фаъолияти ҳастаӣ Эрон нишон дод, ки тарҳи иддаҳои такрори ва таблиғоти расонаи руи он бо ҳадафи эҷоди таъаллул ва ибҳом дар раванди музокироти ҳастаӣ Эрон ҳамчунон тарфанди аст, ки се кишвари аврупоӣ ва кохи сафед дар моҳҳои гузашта дар пеш гирифтанд.