Таҳлил: Идомаи буҳрони энержи дар Аврупо
(last modified Mon, 12 Sep 2022 15:18:07 GMT )
Сентябр 12, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Идомаи буҳрони энержи дар Аврупо
    Таҳлил: Идомаи буҳрони энержи дар Аврупо

Кишварҳои аврупоӣ дар талоши таъмини газ ва кантроли нархи энержи ҳастанд, ки буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ноши аз он ба муъзали ҷидди дар Аврупо табдил шуда аст.

Бархе аз давлатҳои аврупоӣ низ таваққуфи сиёсати таҳрими зидди саноат нефт ва гази Русияро хостор шуданд дар ин росто Криакос Мисотакис, нахуствазири Юнон гуфт, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зидди Русия ба худи Аврупо баргашт ва ба иқтисод ва кишварҳои аврупоӣ латма зада аст.

Бо ташдиди таҳримҳои Аврупо зидди Русия, ки ба табаъият аз сиёсатҳои Амрико дар ҷанги Украина анҷом гирифта аст акнун моҳо аст ҷараёни гази Русия ба кишварҳои аврупоӣ коҳиш ёфта ва қатъ шуда аст. 

Ин вазъияти иқтисод кишварҳои аврупоӣ махсусан кишварҳои қудратманди аврупоӣ ҳамчун Олмонро ба шиддат таҳти таъсир қарор дода аст.

Дар воқеъ камбуди газ сабаби боло рафтани ҳазинаҳои сухт, тавлиди барқ ва нархи тамомшудаи коло ва хадамот дар Аврупо шуда аст ва бархе аз саноат ё варшикаста шуд ё дар остонаи фурупошӣ ҳастанд.

Ин шаройт дар кишварҳои заифтари аврупоӣ ҳамчун Юнон, Италия ва шарқи Аврупо бо муъзали ҷидди табдил шуда аст чунон, ки нахуствазири Юнон баён кард, ки кишварҳои ғарби Аврупо паёмадҳои манфии эъмоли таҳримҳо зидди Русияро дарк карданд, аммо қасди барои тағири роҳбурдии худ надоранд.