Нишасти хабарии сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон
(last modified Mon, 05 Dec 2016 12:47:23 GMT )
Декабр 05, 2016 17:47 Asia/Dushanbe
  • Нишасти хабарии сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳар гуна бархӯрди табъизомез ва хушунат зидди гурӯҳҳои мазҳабӣ маҳкум аст.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, имрӯз (душанбе) дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар посух ба саволи хабарнигори Бурун марзӣ, дар бораи идомаи рафторҳои табъизомез ва хушунатбор зидди мусулмонони роҳингиён дар Мянма ва мавзеи Ҷумҳурии Исломи Эрон дар ин бора гуфт, эъмоли хушунат зидди мусулмонон ҷомеаро ба ифротгароӣ мекашонад ва густариши ин раванд ба нафъи ҳеч кишваре дар минтақа ва ҷаҳон нахоҳад буд.  

Вай ба масъулони давлати Мянма тавсия кард, барои субот ва амнияти худ ба як роҳкори хирадмандона рӯй биоваранд ва аз эъмоли хушунат ва табъиз ба вижа дар робита бо мусулмонон худдорӣ кунанд.

Баҳроми Қосимӣ дар идома бо ишораи тамдиди таҳримҳои Амрико зидди Эрон гуфт, Амрико одат ба рафторҳои хасмона дар қиболи Эрон дорад ва ин ки натиҷаи таҳримҳои ҷадид дар давлати ояндаи Амрико чӣ хоҳад шуд бояд мунтазири оянда буд ва наметавон пешбинӣ кард.

Қосимӣ дар ин ҳол таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеч гоҳ пешқадами нақзи БАРҶОМ ва нодида гирифтани тааҳҳудоти худ нахоҳад буд.

Вай афзуд, он чи дар Конгресси ва Сенати Амрико дар хусуси тамдиди таҳримҳои Эрон иттифоқ афтод ва таҳаввулоте, ки эҳтимолан дар оянда рух медиҳад, хилофи ваъда дар ҷиҳати тавофуқҳои қаблӣ аст ва қобили пазириш нест.

Баҳроми Қосимӣ бо баёни ин ки нақзи БАРҶОМ амре нест, ки ба содагӣ муҳаққиқ шавад, ибрози умедворӣ кард, Амрико аз масире, ки пеш гирифтааст ба роҳи саҳеҳ бозгардад чаро, ки наметавонд ва ин қудратро ҳам надорад, ки тааҳҳуди чандҷонибаи БАРҶОМ-ро якҷониба ва дар хилофи масири мушаххаси муайншуда тай кунад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи ташкили давлати наҷоти миллӣ дар Яман ҳам бо баёни ин, ки ин кишвар мутаасифона ҳанӯз қурбонии таҷовузҳои мукаррари Арабистон аст, гуфт, Эрон аз ройзании сиёсӣ ва тафоҳум байни гурӯҳҳои миллӣ дар ин кишвар истиқбол мекунад ва умедвор аст, гуфтугӯҳое,  ки оғоз шуда ба субот ва дастёбӣ ба роҳкори сиёсӣ дар Яман мунҷар шавад.

Баҳроми Қосимӣ, ҳамчунин дар бораи тавофуқи ҳафтаи гузаштаи кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) дар хусуси коҳиши тавлид нафт, гуфт, ин тавофуқ нишон дод, бо хирадмандӣ ва иттико ба худ ва эътимод ба нафс, метавон муваффақиятҳои муҳимме дар арсаи байналмилалӣ расид.