Табрики Русия ба Эрон барои узвият дар СҲШ
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена ба Ҷумҳурии Исломии Эрон барои узвият дар Созмони Ҳамкории Шанхай табрик гуфт.
Улянов дар сафҳаи шахсеи худ дар “Твиттер” навишт, ба мақомоти эронӣ ин дастовардро табрик мегуям. Узвияти Теҳрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, боиси тақвияту тасҳили раванди эҷоди марокизи нуфуз ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мешавад. Ҷаҳон дар ҳоли тағйир барои беҳтар шудан аст.
Пас аз солҳо узвияти нозири Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, дар даври гузаштаи нишасти сарони ин ниҳод дар Тоҷикистон, узвияти Эрон ба унвони узви доими пазируфта ва дар даври ҷадиди нишасти сарон, ки дар Самарқанд баргузор мешавад ба таври расмӣ Теҳрон ба узвияти ин созмон даромад.