Декабр 05, 2016 19:15 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли таҷҳизоти русӣ ба Сурия

Муовини вазири дифои Русия аз ирсоли таҷҳизоти сохти ин кишвар ба Сурия хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Дмитрий Булгаков,  муовини вазири дифои Русия, рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо рӯзнома “Известия” гуфт, артиши ин кишвар, аз замони оғози амалиёти зидди террористӣ дар Сурия ва бо ҳамоҳангиҳои лозим бо давлати қонунии Башор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар, 700 ҳазор тон анвои ҷангафзор ва лавозими ҷангӣ ба Сурия ирсол кардааст.

Вай афзуд, ирсоли силоҳ ва лавозими ҷангӣ ба Сурия, нақши муҳимме дар иртиқои тавони размии нерӯҳои Сурия дар ҷанг бо террористҳо доштааст.

Русия аз ҳудуди як соли қабл, бо ҳамоҳангӣ ва дар ҳимоят аз давлати қонунии Димишқ дар мубориза бо гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Ғарб аз ҷумла ДИИШ, ҳамалотеро дар кӯмак ба артиши Сурия алайҳи террористҳо дар ин кишвар оғоз кардааст.

 

Барчасп