Путин: Эрон нақши муҳиме дар АвруОсиё ва кулли ҷаҳон дорад
Раиси ҷумҳурии Русия эълом кард, узвияти комили Эрон дар СҲШ таъсири мусбате бар ин созмон хоҳад дошт, зеро Теҳрон нақши муҳиме дар минтақаи Авруосиё ва кулли ҷаҳон ифо мекунад.
Ба гузориши “Спутник”, Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай эълом кард, Созмони Ҳамкории Шанхай акнун бузургтарин созмони минтақаии ҷаҳон аст ва нақши он дар ҳалли мушкилоти минтақаӣ ва байналмилалӣ раванди физояндае дорад.
Вай бо баёни ин ки марокизи қудрати ҷадиде дар сатҳи ҷаҳон дар ҳоли шаклгирӣ аст, афзуд, беш аз нисфи ҷамъияти ҷаҳон дар кишварҳои узви Созмони Шанхай зиндагӣ мекунанд ва як чаҳоруми тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳон мутааллиқ ба ин кишварҳост.
Русия аз суръат гирифтани фароянди узвияти Эрон дар ин созмон ҳимоят мекунад ва узвияти комили Теҳрон дар СҲШ таъсири мусбате бар он хоҳад дошт, зеро ин кишвар нақши муҳиме дар минтақаи АвруОсиё ва кулли ҷаҳон ифо мекунад.
Путин аз гуфтугӯи худ бо дабири кулли Созмони Милал барои ирсоли куди шимиёӣ ба кишварҳои фақир хабар дод ва гуфт: Русия омода аст то 300 ҳазор тон куди шимиёии анбошташуда дар бандарҳои Иттиҳоди Аврупоро ройгон ба кишварҳои дар ҳоли тавсеа бифиристад.
Вай дар бораи муофияти кишварҳои аврупоӣ аз таҳрими куди шимиёии Русия низ гуфт, ин як намуна аз худхоҳии Комиссияи Аврупост, ки кишварҳои аврупоиро аз таҳрим муоф кард, аммо ин таҳрим барои кишварҳои фақир ва дар ҳоли тавсеаи ҷаҳон боқӣ монд.
Раиси ҷумҳурии Русия гуфт, Созмони ҳамкории Шанхай омодаи ҳамкорӣ бо дигар кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дар ҳавзаи ғизо ва энержӣ аст.
Нишасти дурӯзаи СҲШ, ки дар Самарқанд баргузор шуд, имрӯз бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.
Бештар бихонед:
- Раисӣ: Таомулу пайвастагии ҳаддиаксарӣ бо кишварҳои минтақа дар конуни сиёсати хориҷии Эрон аст
- Бозтоби узвияти Эрон дар Шанхай дар расонаҳои арабӣ