Сентябр 18, 2022 09:59 Asia/Dushanbe
  • Зеленский изъон дошт, ки натиҷаи ҷанг бо Русия ба таҳвили сареъи  таслиҳоти хориҷӣ ба кишвраш бастагӣ дорад
    Зеленский изъон дошт, ки натиҷаи ҷанг бо Русия ба таҳвили сареъи таслиҳоти хориҷӣ ба кишвраш бастагӣ дорад

Раиси Ҷумҳӯри Украина гуфт, ки ҳануз хело зуд аст, бигуем ҷанг бо Русия рӯ ба поён аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Владимир Зеленский Раиси Ҷумҳӯри Украина гуфт бо вуҷӯди дастовардҳои нерӯҳои ман дар моҳи ахир дар ҷибҳаҳои ҷанг, ҳануз хело зуд аст, ки бигуем ҷанг рӯ ба поён аст ва феълан поёне барои ҷанг бо Русия намебинам.

Зеленский изъон дошт, ки натиҷаи ҷанг бо Русия, ки акнун ҳафтумин моҳи худро сипари мекунад, ба таҳвили сареъи  таслиҳоти хориҷӣ ба кишвраш бастагӣ дорад.

Раиси Ҷумҳӯри Украина чаҳоршанбеи гузашта дар боздиди шаҳри Изюм дар шимолу шарқи Украина дархости худро аз кишварҳои ғарбӣ ва дигар кишварҳо барои афзоиши тадорукот ва ирсоли таслиҳот ба Украина такрор кард.

Барчасп