Даргирии муътаризони бритониёӣ бо полис
Даргириҳову нооромиҳо дар шаҳри Лестери Британия ба боздошти беш аз сӣ нафар аз муътаризон ба дасти неруҳои амниятӣ ва полис мунҷар шуд.
Дар пайи нооромиҳои шанбешаб дар Лестер даҳҳо неруи полис дар минтақа ҳузур ёфтанд ва теъдоде аз маконҳо осеб диданд.
Полиси Лестер бо таъйиди боздоштҳо ба ҷурми нақзи назми умумӣ, маншаи нооромиву хушунатҳоро ношӣ аз натиҷаи мусобиқаи Крикет миёни тимҳои Ҳинду Покистон эълом кард.
Сулаймон Ногди, аз федератсияи созмонҳои мусулмони мустақар дар Лестер дар бораи даргириҳои шанбешаби Лестер ба Би Би Си гуфт, он чӣ дар хиёбонҳо дидаем, бисёр нигаронкунанда аст.
Сонҷиу Петал, намояндаи маобиди ҳинду дар Лестер ҳам гуфт, ки аз тазоҳуроти хушунатбори шанбешаб амиқан ғамгин шудааст.
Аз замони даргузашти маликаи Британия то кунун тадобири амниятии шадид, ба вижа дар Лондон иҷро шудааст ва ҳамаи роҳҳои мунтаҳӣ ба маҳалли баргузории маросими даргузашт малика ба рӯйи мошинҳо ва бархе масирҳо ба рӯйи обирони пиёда низ баста шудааст.