Гутерриш: Ҷаҳон таҳаммули фоҷеаи ҳастаӣ надорад
(last modified Fri, 23 Sep 2022 16:38:47 GMT )
Сентябр 23, 2022 21:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Гуттериш дар бораи хатари ҳастаӣ
    Ҳушдори Гуттериш дар бораи хатари ҳастаӣ

Дабири кулли Созмони Милал бо ишора ба вазъияти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Зопороже, воқеъ дар минтақаи Донбаси Украина ҳушдор дод, ки ҷаҳон таҳаммули фоҷеаи ҳастаӣ надорад.

Зопороже бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо аст. Ин нерӯгоҳ дар ҷараёни ҳамлаи Русия ба Украина ба контроли неруҳои рус даромадааст.

Неруҳои Украина аз моҳҳо пеш ба манзури эҷоди ҳодиса ва муқассир қаламдод кардани Русия, бо тӯпхона ин нерӯгоҳро ҳадаф қарор додаанд.

Русия ва Украина борҳо якдигарро ба гулулаборони нерӯгоҳи Зопороже дар ҷануби Украина муттаҳам кардаанд.

Дабири кулли Созмони Милал рӯзи ҷумъа дар ҳисоби твиттерии худ дар ин бора навишт, вазъият дар нерӯгоҳи барқи ҳастаии Зопороже ҳамчунон мояи нигаронии амиқ аст.

Гутерриш дар идомаи паёми худ навишт: Ҳар гуна хисорате ба зерсохти ин нерӯгоҳ чӣ амдӣ ва чӣ ғайриамдӣ қодир аст то авоқиби даҳшатнокеро барои мардум, ки атрофи ин нерӯгоҳ ва фаротар аз он ба сар мебаранд, дар бар дошта бошад. Ҷаҳон қодир ба таҳаммули як фоҷеаи ҳастаӣ нест.

Дабири кулли Созмони Милал пеш аз ин дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Украина бо ишораи зимнӣ ба таҳдидҳои ахири Русия, мабнӣ бар эҳтимоли истифода аз силоҳи ҳастаӣ аз кишварҳои дорои силоҳи атомӣ хост, ба истифода накардан аз ин таслеҳот мутааҳҳид бошанд ва гуфт, идеяи ҷанги ҳастаӣ ғайриқобили қабул аст.