Таҳлил: Таъкиди Арманистон бар хуруҷи низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ин кишвар
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон мегуяд: Нерӯҳои низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон бояд аз хоки Арманистон хориҷ шаванд ва ба мавозеъи авалияи худ бозгарданд.
Нахуствазири Арманисон дар нишасти хабарии муштарак бо Эмануел Макрон, раиси Ҷумҳурии Фаронса дар Порис ҳамчунин таъкид кард Фаронса ба унвони раиси давраи шӯрои амнияти Созмони Миллал дастури кори ҷадиди ин шӯроро мушахас карда аст бо ҳимояти раисиҷумҳур Макрон дастури кори шӯрои амният мавзуъи таҷовузи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Арманистон таъин шуда аст.
Раиси Ҷумҳурии Фаронса низ дар ин нишасти хабари бо ишора ба гуфтугӯи ахири худ бо Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбйҷон эълом кард Алиев мегуяд, ки хоҳони поён додан ба бесуботиҳо дар Қафқоз ва ёфтани роҳи ҳал аст, аммо эҷоди сулҳ таҳти таҳдид ва эъмоли зур ғайри мумкин ва бенатиҷа аст.
Мавзеъгириҳои ахири мақомоти давлатии Боку бахусус шахси Илҳом Алиев аҷиб ва то ҳудуди зиёд қобили таъамул аст. Мақомоти Боку дар дидорҳои ахири худ бо мақомоти давлатҳои ғарби аз ҷумла раиси Ҷумҳурии Фаронса ба сароҳат ва бедуни ҳаргуна маҳдудият ва сонсур ба нақзи оташбас ва ҳатто ишғоли сарзаминҳои Арманистон эътироф мекунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Боку дар тули се даҳҳаи гузашта ҳамвора талош карданд то Арманистонро ба унвони ноқизи оташбас ва ишғолкунандаи сарзамини Ҷумҳурии Озарбойҷон муъаррифи кунанд.
Ҳатто то як моҳи гузашта низ Ҷумҳурии Озарбойҷон мавозеъи расмии худро тағир доданд ба унвони мисол мақомоти Боку ахиранд эълом карданд ишғоли сарзамини Арманистон посухи ба таҳрикоти давлати Ереван аст.
Ин изҳори назар ба маънои тайиди ишғоли бахшҳои аз сарзамини Арманистон аст, дар ҳоли ҳозир раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон дар апрели соли ҷорӣ пас аз дидор бо раиси Ҷумҳурии Русия бар инҳилоли гуруҳи Миски Созмони амният ва ҳамкории Аврупо таъкид карда аст.
Дар як ҷамъбандии кулли бояд гуфт: Мавзуъи ишғоли мутақобили сарзамини Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ҳамчунон аз ҷумла муъзалоти ҷадид ва баҳонаҳои аслии ошкор шудани таниш ва даргириҳои низомӣ дар ин минтақа қаламдод мешавад.
Дар ҳоле, ки тарафайни муноқишаи Қарабоғ барои озодсозии сарзамини ишғолшудаи худ дар майдонҳи ҷанг ҳозир мешаванд ҳамзамон ба ишғоли сарзаминҳои тарафи муқобил иқдом мекунанд то нишон диҳанд аз тавони низомии боло бархурдор ҳастанд.