Октябр 01, 2022 19:54 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Лукашенко бар тақвияти ҳамкориҳои Белорус ва Чин
    Таъкиди Лукашенко бар тақвияти ҳамкориҳои Белорус ва Чин

Раиси Ҷумҳурии Белорус таъкид кард, Белорус ва Чин ҳамкории муштарак дар заминаи сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиро дар арсаи кунунии равобити байнилмиллалӣ тақвият мекунад.

Александр Лукашенко, раиси Ҷумҳурии Белорус дар номаеи ба Си Ҷин Пинг, раиси Ҷумҳурии Чин бо табрики ҳафтодусеввумин солгарди рӯзи миллии Чин гуфт: Сатҳи ҳамкориҳои Мински ва Пекан дар тозатарин нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи гузашта дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор шуд ба ҳамкории роҳбурдии чандҷониба иртиқоъ ёфт.

Лукашенко афзуд: Мински ҳамчунон яке аз мушорикаткунандагони фаъол дар тарҳи "Як камарбанд, як ҷода" ҷодаи Абрешим ва идғоми он бо иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст.

Бин бар изҳороти раиси Ҷумҳурии Белорус, Пекан  бо пайвастани ин ду тарҳ ба ташкили як назми ҷаҳонии одилона кумак мекунад, ки дар он хости ҳар кишвари беистисон мавриди эҳтиром қарор мегирад.

Ойини рӯзи миллии Чин аввали моҳи октябр ва барои бузургдошти таъсиси Ҷумҳурии халқии Чин дар соли 1949 баргузор мешавад.