Сиёсати авомфиребонаи Амрико дар Афғонистон ва сиёсати фирор ба пеши Покистон
(last modified Sun, 02 Oct 2022 10:50:11 GMT )
Октябр 02, 2022 15:50 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати фиреби Амрико ва сиёсати шона холӣ кардани Покистон
    Сиёсати фиреби Амрико ва сиёсати шона холӣ кардани Покистон

Дар ҳоле ки Биловал Бҳутто Зардорӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар мавриди паёмадҳои инзивои иқтисодии Афғонистон ҳушдор медиҳад, Томас Вест, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон аз эҳтимоли ҷанги дохилӣ дар ин кишвар сухан гуфтааст.

Ба эътиқоди вазири хориҷаи Покистон, ба ҳар андоза Афғонистон бо инзивои иқтисодӣ рӯ ба рӯ бошад, ифротгароӣ на танҳо ин кишвар, балки минтақаро таҳдид мекунад. Ба ҳамин далел вай хоҳони ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон дар Афғонистон шуд.

Бо тавваҷуҳ ба шинохти Покистон аз Афғонистон ва ошноии мақомоти Исломобод бо наҳваи фаъолияту қудратгирии ифротгароӣ набояд ба содагӣ аз канори ҳушдори Биловал Бҳутто Зардорӣ ва аҳдофаш дар ин хусус гузашт. Аммо Амрико бидуни тавваҷуҳ ба ин гуна ҳушдорҳо ҳамчунон ба дунболи афзоиши фишорҳои иқтисодӣ бар Афғонистон аст, ки қурбониёни он мардуми ин кишвар ҳастанд.

Ғуломҳусайни Носирӣ, коршиноси афғонистонӣ дар ин бора мегӯяд: "Амрико дар ду даҳаи ишғоли Афғонистон на танҳо тамоми зерсохтҳои иқтисодиву тавлидии ин кишварро нобуд кард, балки гуруҳҳои террористиву хушунатталабро низ тақвият кард, ки акнун ба роҳатӣ куштор мекунанд”.

Томас Вест дар ҳоле иддаои бурузи ҷанги дохилӣ дар Афғонистонро матраҳ мекунад, ки кишвараш бо мусодираи ҳудуди 10 миллиард доллар аз дороиҳои молии Афғонистон, шароити бисёр сахти иқтисодиву тиҷориро ба мардуми Афғонистон таҳмил мекунад.

Дар воқеъ, Амрико бо пардохт накардани пулҳои Афғонистон ахиран зарбаро ба пайкари иқтисоди заифи ин кишвар ворид кард ва нишон дод, ки иддаои ҳимоят аз мардуми ин кишвар дурӯғе беш набудааст.

Муҳаммадҳасани Ҷаъфарӣ, коршиноси афғонистонӣ дар ин бора мегӯяд: "Амрико ки дар соли 2001 бо иддаои табдили Афғонистон ба кишваре рӯ ба пешрафти иқтисодӣ онро ишғол кард, дар соли 2021 ба унвони як вайрона онро таҳвили мардуми Афғонистон дод”.

Нуктаи қобили тавваҷуҳ ин ки расонаҳои ғарбӣ на танҳо бар ҷиноёти Амрико дар Афғонистон сарпӯш мегузоранд, балки муқассири мушкилоти Афғонистонро мардуми ин кишвар муаррифӣ мекунанд.

Дар ҳар ҳол, агарчӣ вазири умури хориҷаи Покистон дар мавриди паёмадҳои инзивои иқтисодии Афғонистон ҳушдор медиҳад, аммо наметавон нақши Исломобоадро низ дар тақвияти ифротгароӣ дар Афғонистон нодида гирифт.

Ба ҳамин далел изҳороти Биловал Бҳутто Зардорӣ дар ин маврид навъе фирор ба пеш ва талош барои шона холӣ кардани Исломобод аз масъулият талаққӣ мешавад.

Вазъияте, ки нуқтаи муқобили онро метавон дар изҳороти насанҷидаву авомфиребонаи Томас Вест мушоҳида кард, ки мекӯшад бо фарофиканӣ мардуми Афғонистонро сабабгори ҳар гуна мушкилоту ноамниҳои ин кишвар нишон диҳад.