Октябр 03, 2022 20:06 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Идомаи рафторҳои таҳрикомези Амрико ва ғарб зидди Чин
    Таҳлил: Идомаи рафторҳои таҳрикомези Амрико ва ғарб зидди Чин

Ҳамзамон бо афзоиши танишҳо дар минтақаи ҷануби шарқии Осиё, Вазорати хориҷаи Тайван аз вуруди ҳайати парлумонии Олмон ба ин ҷазира хабар дод.

Ин нахустин сафари ҳайати намояндагони Бундестаги Олмон ба ҷазираи Тайван аз замони оғози густариши Ковид-19 ба шумор меравад, ҳамзамон Вазорати дифоъи Тайван низ дар хабаре эълом кард: Нерӯҳои мусаллаҳи ин ҷазира рӯзи якшанбе 22 ҳавопаймо ва чаҳор киштии ҷангии артиши Чинро дар ҳоли наздик шудан ба минтақа шиносоӣ карданд.

Бар асоси хабари мунташир шуда тавассути Вазорати дифоъи Тайван ҳашт фарванд аз ҳавопаймо шиносоӣ шуда аз ба истилоҳ хати миёнии тангаи Тайван, ки ба унвони марзи дарёии ғайрирасми байни ин ҷазира ва сарзамини аслии Чин муъаррифи шуда аст убур карданд.

Тардид нест, ки сафари ҳайати парлумонии Олмон ба Тайван дар ростои ҳимоят аз сиёсатҳои таҳрикомези Амрико дар ҷануби шарқи Осиё сурат гирифта аст. Асосан мақомоти Кохи Сафед бо вуруд ба сохтани фишор бар давлатҳои аврупоӣ талош мекунанд то ин даста аз давлатҳоро бо манофеъи Амрико дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҳамроҳ кунанд.

Ба далели фишорҳои Амрико ба давлатҳои аврупоӣ мушахас нест, ки ҳимотяҳои индаста аз давлатҳо аз ҷумла сафари ҷории ҳайати парлумонии Олмон ба ҷазираи Тайван бо ризояти давлати Берлин дар дастури кор қарор гирифта бошад.

Вайзъияти дар атрофи Тайван пас аз он ташдид шуда аст, ки Нэнси Плоси, раиси маҷлиси намояндагони Амрико дар авали моҳи августи соли ҷорӣ аз ин ҷазира боздид карда аст. Чин ки Тайванро бахши аз хоки худ медонад дар пайи сафари Нэнси Плоси размоишҳои густардаеро дар муҷовирати ҷазираи Тайван тадорук дида аст.

Баъд аз Амрико чандин кишвар аз ҷумла Фаронса, Литвони, Ҷопон ва ахиран Олмон низ ҳайатҳоеро ба ин ҷазира эъзом карданд, ки ин рафторҳо боиси афзоиши таниш дар тангаи Тайван шуда аст.