Октябр 05, 2022 20:08 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил; Изъони Трос: Шадидан саҳюнист ҳастам
    Таҳлил; Изъони Трос: Шадидан саҳюнист ҳастам

Лиз Трос, ки ҳудуди як моҳи пеш даври нахуствазирии худ дар Британияро оғоз кард дар як суханрони худашро шадидан саҳюнист тавсиф ва бар тақвияти равобити Британия ва Исроил таъкид кард.

Нахуствазири Британия дар ҳоли бар ҳимояти худ аз режими саҳюнистӣ изъон дорад, ки солҳст кишварҳои ғарби ба вижа Британия ва Амирко ба ҳимояти ҳамаҷонибаи худ аз сиёсатҳои режими саҳюнистӣ ба сурати ошкор идома медиҳанд.

Режими саҳюнистӣ даҳҳаҳо аст бо эъмоли зулму ҷавр бар фаластиниён куштори бераҳмонаи онон, идомаи шаҳраксозиҳо, нодидагирифтани ҳуқуқи фаластиниён, мумонеъат аз кумакрасони ба онҳо ҳатто дар бахшҳои дороӣ ва таҷҳизоти пизики дар садади густариши султаи худ бар сарзаминҳои фаластиниён ва ғасби бештари онҳо аст. Эъмоли ин сиёсатҳо зидди мардуми бефидои фаластин хашми бисёри аз мардум ва афкори умумии ҷаҳонро дар пай дошта аст ин дар ҳоле аст, ки мақомоти кишварҳои ғарби  ба вижа Британия ва Амрикоро аз ин сиёсатҳо пайрави карда ва худро ҳомии режими саҳюнистӣ медонанд; чунонки акнун Трос ба ин изъон карда аст.

Соми Абузаҳри аз раҳбарони ҷунбиши ҳамос дар ин замина мегуяд: изҳороти Лиз Трос дар хусуси ҳамоят аз саҳюнисм ба маънои истодан дар сафи режими  саҳюнистӣ ва таҷовузот зидди миллати Фаластин аст, чунин афроди ҳастанд, ки бар қатли кудакони бегуноҳ сарпуш мегузоранд ва ин нанги барои башарият аст.

Фуруши ҳаҷми зиёди аз силоҳ ва таҷҳизоти низоми мавиди ниёзи Исроил аз суи Ландан мавзуи аст, ки ҳамвора маврди интиқдои гуруҳҳои мудоқеъи ҳуқуқи фаластиниён буда аст, чунон ки чанди пеш гуруҳи аз фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи фаластиниҳо дар муқобили бонки боркли дар шаҳри Манчестри Британия таҷамуъ карда ва тувқифи ҳимоти моли ин бонк аз ширкатҳои аслиҳасозии режими саҳюнистиро хостор шуданд. Созмони ҷанг алайҳи фақр дар ин бора эълом кард: мудирияти бонки борекли режими саҳюнистиро мусалаҳ мекунад ва аз руйкарди хушунатомези ин режим зидди мардуми Фаластин пул дар меоварад.

Пайрави аз сиёсатҳо ва хостаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён сабаб шуда аст то равобити миёни Исроил ва Британия дар саҳи хуби дар ҷараён бошад. Акнун низ Трос дар мавриди тағири макони сафорати Британия аз Теловив ба Қудси ишғоли мутаъаҳид шуда аст ва эълом кард, ки ин мавзуъ дар дасти барраси аст. Токунун чаҳор кишвари ҳомии Исроил яъне Амрико Кузу, Гувотмоло ва Ҳендурос сафоратхонаҳои худро ба Қудси ишғоли мунтақил карданд. Ин дар ҳоле аст, ки аксарияти қариб ба итифоқ кишварҳо аз интиқоли сафоратхонаи худ аз Теловив ба Қудси ишғоли худдори карданд зеро онҳо ишғоли бахши шарқи шаҳри Қудс тавасути режими саҳюнистиро ба расмият намешиносанд ва онро ғайри қонуни медонанд.

Режими саҳюнисти дар соли 1967 қудси шарқи ва каронаи бохтариро ишғол ва сипас эълом кард, ки бахши шарқи шаҳри қудсро ба сарзаминҳои ишғоли илҳоқ карда аст, тасмиме ки тавассути аксарияти ҷомеъаи байналмиллалӣ ба расмият шинохта нашуда аст.

Дар воқеъ фаластинишҳо умеди ба ҳимоятҳои ғарб надоранд онҳо ба ҳимоят ва пуштибонии миллионҳо нафар аз озодагоне, ки дар саросари ҷаҳон аз ормони Фаластин ҳимоят мекунад чашмдухтанд ин дарҳоли аст ки мақомоти ғарби аз ҷумла нахуствазири Британия расман худро ҳомии Исроил медонад.

 

Барчасп