Афзоиши бесобиқаи омори худкушӣ ва қатл бо силоҳи гарм дар Амрико
Натоиҷи таҳқиқи марокизи кантрол ва пешгирӣ аз бемории Амрико нишон дод, омори худкушӣ ва қатл бо силоҳ дар соли 2021 дар ин кишвар ба шакли қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст.
Марокизи кантрол ва пешгирӣ аз бемории Амрико дар гузорише навишт, худкушӣ ва қатл бо силоҳи гарм ҳар ду беш аз 8 дарсад дар соли 2021 афзоиш ёфтааст.
Пас аз сабти 43 ҳазору 675 мавриди қатлу худкушӣ дар соли 2020 бар асари истифода аз силоҳи гарм дар Амрико ҳоло ин омор дар соли 2021 ба 47 ҳазору 286 маврид расидааст.
Бар асоси гузориши марокизи кантролу пешгирии бемории Амрико, маҷмӯи қатлу худкушӣ бо силоҳ дар соли 2021 болотарин мизон аз соли 1993 ва 1990 ба тартиб будааст. Бархе аз гурӯҳҳои қавмӣ ва нажодӣ омори бештареро дар соли гузашта таҷриба карданд.
Пажӯҳишҳои ин ниҳод ҳокӣ аз он аст, ки беш аз 20 ҳазор қатлу ҳудӯди 26 ҳазор худкушӣ бо истифода аз силоҳи гарм дар соли гузашта сӯрат гирифтааст.
Дарсади қатлҳои ношӣ аз истифода аз туфанг аз 79 дарсад ба 81 дарсад афзоиш ёфта, ки болотарин нарх дар 50 соли гузаштааст. Худкушӣ низ бо афзоиши 2 дарсадӣ нисбат ба соли 2020 , ба 55 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар асоси ин гузориш, ҷавомеъи сиёҳпӯст ва испониёизабон шоҳиди бештарин маргу мир дар ин замина ҳастанд. Мавориди изтиробу ноумедӣ дар миёнаи шуюи корона дар ҷаҳон, ба шиддат дар соли 2020 боло рафт.
Ин дар ҳоле аст, ки Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико қонӯни эминии силоҳро имзо кард, ки тибқи он сахтгирӣ барои истифода аз силоҳ бештар мешавад.