Дастури Путин ба сервиси амниятии Федерол дар бораи пули Крима
(last modified Sun, 09 Oct 2022 07:04:32 GMT )
Октябр 09, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Пул Крима  оташ гирифта ва бахше аз созаи он фурӯ рехтааст
    Пул Крима оташ гирифта ва бахше аз созаи он фурӯ рехтааст

Раиси Ҷумҳӯри Русия рӯзи шанбе дастури ҷадидро содир карда ва тайи он аз сервиси амниятии Федероли Русия хост то амнияти масири ҳамлу нақли тангаи Керч афзоиш ёбад.

Ба шузориши радиоии тоҷикии  Садои Хуросон, ин иқдом пас аз он иттихоз мешавад, ки бомдоди шанбе бахше аз пули Крима дар инфиҷори як комиюн тахриб шуд.

Бар асоси дастури Путин, ҳимоят аз ҳамлу нақл рӯйи пули Крима ва ҳамчунин ҳимоят аз шабакаи энергия ва хати лулаи гази асли афзоиш хоҳад ёфт.

Бомдоди шанбе манобеъи расонаӣ ва бархе манобеъи маҳалӣ дар Русия бо интишори филмҳо ва тасовире аз пули Крима гузориш додаанд, ин пул оташ гирифта ва бахше аз созаи он фурӯ рехтааст.

Бо гузашти соате баъд аз интишори хабарҳо дар бораи инфиҷор дар пули Крима Кумитаи миллии зидди терроризми Русия эълом кард, ки як комиюн рӯйи пул инфиҷор шуда ва боиси осеб ба пули Крима шудааст.