Октябр 10, 2022 14:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтаи Ваҳдати уммати исломӣ
    Ҳафтаи Ваҳдати уммати исломӣ

Бо фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари гиромии Ислом, мусулмонони Нигерия ҷашнҳои мухталиферо бо нишонаҳои ваҳдати исломӣ тадорук дидаанд.

Миллионҳо мусулмони Нигерия дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳамзамон бо фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари гиромии Ислом (с) дар роҳпаймоии Ваҳдат ширкат карданд.

Мусулмонони сунниву шиа дар Нигерия 12 то 17 рабеулаввал (Ҳафтаи Ваҳдат) дар канори ҳам дар ҷашнҳои мелоди паёмбари гиромии Ислом ширкат мекунанд ва ваҳдати уммати исломиро ба намоиш мегузоранд.

Мусулмонон дар иёлати Баучии Нигерия дар ҷашни мелоди паёмбари гиромии Ислом (с) ҳамчунин аксҳои сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи аршади меҳвари муқовиматро ҳамроҳи худ доштанд.

Ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, 12 рабеулаввал то 17 рабеулаввал Ҳафтаи Ваҳдат номгузорӣ шудааст.