Октябр 11, 2022 18:15 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико ва мутаҳидонаш аз хатҳои сурх убур накунанд
    Русия: Амрико ва мутаҳидонаш аз хатҳои сурх убур накунанд

Муъовини вазири хориҷаи Русия ба Амрико ва мутаҳидонаш дар хусуси мудохилаи бештар дар ҷанги Украина ва таъмини таслиҳоти маргбор барои режими Киев ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузори Форс, Сергей Рябков, муъовини вазири хориҷаи Русия ҳушдор дод Маскав метавонад иқдомоти мутақобил зидди Амрико ва мутаҳидони аврупоӣ он ба далели мудохилаи фазоянда дар даргириҳои Украина анҷом диҳад.

Ин мақоми аршади рус зимни баёни ин ки Русия маҷбур хоҳад шуд иқдомоти мутақобили кофи аз ҷумла иқдомоти ноҳамоҳанг анҷом диҳад афзуд: Мо ҳушдор медиҳем ва умедворем Вашенгтон ва дигар пойтахтҳои ғарби мутаваҷеҳи хатари ташдиди хориҷ аз контрол бошанд.

Анатолий Антонов сафири Русия дар Амрико ҳам ба Вашенгтон ва мутаҳидонаш дар хусуси таъмини таслиҳоти бештар барои Украина ҳушдор дод ва гуфт ин иқдом метавонад ба ташдиди бештари ҷанг мунҷар шавад.

Антонов гуфт: Мо аз Амрико ва мутаҳидонаш мехоҳем аз хатҳои сурхе, ки ба онҳо наздик шуданд убур накунанд таъмини режими Киев бо таслиҳоти маргборро мутавақиф кунед.

Русия бомдоди рузи душанбе маркази шаҳри Киев пойтахти Украина ва чанд шаҳри дигар дар манотиқи ҷануби ва ғарбии Украинаро ҳадафи ҳамалоти мушаки ва паҳподи қарор дод. Ҳамалоти мушакии Руися ду руз баъд аз инфиҷори маҳиб дар пули Карч анҷом шуд.

Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия душанбе тайид кард, ки фармони ин ҳамалоти мушакиро ба талофии тахриби пули Карч содир карда аст. Путин ҳушдор дод ҳаргуна ҳамла барои таҳдиди Русия бо посухи сахт муваҷаҳ хоҳад шуд.

Путин инфиҷор дар пулро ҳамлаи террористӣ тавсиф кард ва Киевро масъули он медонанд Киев масъулияти инфиҷор дар пулро ба уҳда нагирифт  агар чи чанд вазири давлати Украина баъд аз вуқуъи он Русияро маврди тамасхур қарор доданд.

 

Барчасп