Октябр 12, 2022 11:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Гутерриш бар бозгӯшоии мадориси духтарона дар Афғонистон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар хостори бозгӯшоии мадориси духтарона дар Афғонистон шуд.

Пеш аз ин мақомоти Толибон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ таъаҳҳуд дода буд, бо оғози соли таҳсилии ҷадид дар Афғонистон (аввал фарварддин - 21 март) мадориси духтарона бозгушоӣ хоҳад шуд. Хулфи ваъдаи Толибон дар ин хусӯс бо эътирози дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯ шудааст.

Мадориси духтарона бавижа дабиристонҳо дар Афғонистон дар яксоли гузашта таътил буда ва Толибон омӯзиши духтаронро ба як мамнӯъят дар Афғонистон табдил кардааст.

Дабири кулли СММ дар паёме ба муносбати «Рӯзи ҷаҳонии духтар» гуфт, таътилии мадориси духтарона барои кшваре, ки ба шиддат ба энержӣ ва мушорикати занон ниёз дорад, бисёр осебрасон аст.

Пас аз рӯи кор омадани дубораи ҳукумати Толибон, дар аксари вилоёти кишвар мадорси духтарона болотар аз синфи шашум баста шудааст.

 

Барчасп