Байден вазъияти изтирории миллӣ дар қиболи Сурияро тамдид кард
Раиси ҷумҳӯри Амрико вазъияти изтирории миллӣ дар қиболи Сурияро як соли дигар тамдид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси эъломи Кохи Сафед, Байден дар баёнияе муддаӣ шуд : Вазъият дар Сурия ва ба вижа иқдомоти давлати Туркия дар ҳамлаи низомӣ ба шимолу шарқи Сурия, корзори шикасти ДИИШ-ро тазъиф мекунад ва ғайринизомиёнро ба хатар меандозад ва сулҳ ва амнияту суботи минтақаро тазъиф мекунад ва ҳамчунон таҳдидии ғайриодӣ ва фавқулода барои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Амрико маҳсӯб мешавад .
Дар идомаи ин баёния омадааст : Ба ҳамин далел вазъияти изтирории миллии эъломшуда дар фармони иҷрои 13894 муаррихи 14 октябри 2019, бояд пас аз 14 октябри 2022 низ идома дошта бошад .
Дар поёни баёнияи раиси ҷумҳурии Амрико омадааст:Бинобарин мутобиқ бо бахши 202 ( д ) қонӯни изтирори миллӣ ба муддати як сол вазъияти изтирори миллии эъломшуда дар фармони иҷроии 13894 дар хусӯси вазъияти Сурияро тамдид мекунам .
Амрико дар солҳо ахир бо эъзоми неруву таҷҳизот ҳузури худро дар манотиқи нафтхези Сурия бештар кардааст ; ҳузуре ки мунҷар ба дуздии нафти мардуми ин кишвар шудааст .