Воҳиди пули Эрон тағйир мекунад
Ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тағйири воҳиди расмии пули Эрон раъй дод.
Ба гузориши Пойгоҳи иттилорсонии риёсати ҷумҳурии Эрон, бар асоси маводи ин лоиҳа, ки ба тасвиби ҳайати вазирон расид, воҳиди пули Эрон "туман" ва баробар бо 10 риёл таъйин шуд.
Тағйири воҳиди пули Эрон аз риёл ба туман бахше аз лоиҳаи "Бонки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон" аст.
Таъйиди ниҳоӣ ва иҷрои тағйири пули Эрон ба туман машрут ба тасвиби Маҷлиси шӯрои исломӣ ва таъйиди Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон аст.
Ҳамакнун воҳиди пули Эрон риёл аст, аммо мардум дар муомилоти худ ададу рақамҳои молиро ба сурати туман истифода мекунанд.
Вуҷуди дугонагии расмӣ-ғайрирасмӣ дар воҳиди пули Эрон боиси эҷоди мушкилот, ба вижа дар мукотибот шудааст.
Воҳиди пули Эрон то соли 1308 хуршедӣ - 1929 мелодӣ, туман буд, аммо дар ин сол ва дар давраи салтанати Ризохони Паҳлавӣ, воҳиди пули Эрон ба риёл тағйир кард.