Вокуниши Медведев ба ҳушдори Боррел алайҳи Русия
Дмитрий Медведев, муовини Шӯрои амнияти Русия ба ҳушдори масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар бораи нобудии артиши Русия дар сурати ҳамлаи атомӣ ба Украина посух дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, раисиҷумҳури собиқи Русия, ки ҳамакнун узви аршади Шӯрои амнияти ин кишвар аст, ҳушдор дод, ки изҳороти ахири Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ношӣ аз ихтилоли равонӣ аст.
Медведев эълом кард, изҳороти ахири Ҷозеф Боррел, нишон медиҳад, ки кишварҳои ғарбӣ, омодагии ироаи ҳимояти ҳамаҷониба аз Украинро надоранд.
Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи гузашта муддаӣ шуд, ки ҳамлаи атомии Русия ба Украина бо посухи қудратманд аз сӯи Ғарб мувоҷеҳ ва артиши Русия нобуд хоҳад шуд.