Эътимоди беш аз 80 дарсадии мардуми Русия ба Путин
Натиҷаи як назарсанҷии саросарӣ дар Русия нишон медиҳад, ки беш аз ҳаштод дарсади мардум ба раиси ҷумҳӯри ин кишвар эътимод доранд .
Интишори натиҷаи назарсанҷии " Маркази таҳқиқотии афкори умумии Русия ( All - Russian Public Opinion Research Center ) дар бораи эътимоди беш аз 80 дарсад аз мардуми Русия ба раиси ҷумҳӯрии ин кишвар ва давлати ӯ дар шароите анҷом шуда, ки ҳамзамон бо идомаи даргириҳои Русияву Украин, танишҳои Маскав ва кишварҳои ғарбӣ шиддат гирифта ва фишорҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодии онҳо алайҳи Русия идома дорад .
Ба гузориши тоҷикии Садои Хуросон, дар назарсанҷии анҷомшуда дар бозаи замонии сеюм то нуҳуми октябр аксарияти ширкаткунандагон эълом карданд, ки иқдомоти Владимир Путин- раиси ҷумҳури Русия ва давлатро таъйид мекунанд .
Тибқи ин назарсанҷӣ, ки аз 1600 нафар аз афроди 18 сол ба боло дар манотиқи мухталифи Русия анҷом шуд, мизони эътимоди русҳо ба Владимир Путин 80.9 дарсад аст .
50.8 дарсад аз ширкаткунандагон дар назарсанҷии Маркази таҳқиқотии афкори умумии Русия назари мусоиде нисбат ба амалкарди Михаил Мишустин-нахуствазири Русия доштанд ва 49.8 дарсад ҳам аз амалкарди давлати Русия ҳимоят карданд .
Кишварҳои ғарбӣ ба дунболи оғози ҷанг дар Украина дар 24 феврал таҳримҳои бесобиқае алайҳи мақомҳои мухталифи Русия аз чумла раиси ҷумҳӯрии ин кишвар эҷод кардаанд .