Интиқоди поп Франсис аз Созмони Милали Муттаҳид
(last modified Mon, 17 Oct 2022 06:33:54 GMT )
Октябр 17, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди поп Франсис аз Созмони Милали Муттаҳид

Раҳбари масеҳёни католики ҷаҳон аз амалкарди маҳдуди Созмони Милали Муттаҳид интиқод кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи италияии " Астампа " ، поп Франсис ، раҳбари масеҳиёни католик дар ҷаҳон зимни дархост барои ислоҳи Созмони Милали Муттаҳид
 гуфт : Созмони Милал
дар мавзӯъоти ҳамагирии коронаву ҷанги Украина нишон дод ,ки амалкарди маҳдуд дорад . Рӯзнома "
 Астампа " бо истинод ба суханони поп дар китоби ҷадиди ӯ ба ном « Ман ба номи Худо аз шумо мехоҳам. 10 дуо барои умеди оянда » навишт : Поп муътақидаст « вақте ки мо аз сулҳу амният дар сатҳи ҷаҳонӣ суҳбат мекунем, нахустин созмоне ки ба он фикр мекунем, Созмони Милали Муттаҳид
 ва ба вижа Шӯрои Амнияти он аст . Ҷанг дар Украина бори дигар ошкор кард лозим аст ба шакле иқдом кунем, ки сохтори чандҷонибагароии кунӯнӣ роҳҳои чобуктар ва таъсиргузортареро барои ҳаллу фасли буҳронҳо биёбад » . Поп дар ин китоб овардааст ки иқдомоти Созмони Милали Муттаҳид
посухгӯии воқеиятҳои ҷадиди ҷаҳонӣ нест . Раҳбари масеҳёни квтолики ҷаҳон ҳамчунин бо ибрози таъассуф аз амалкарди заъифи Созмони Милали Муттаҳид
дар мавзӯи ҳамагирии корона бар зарурати эҷоди ислоҳоти асосӣ дар созмонҳои байналмилалӣ барои хадамотрасонӣ ба мардуми дунё таъкид кард .