Сарнагунии ҳавопаймои мусофирбарии Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i9277-Сарнагунии_ҳавопаймои_мусофирбарии_Покистон
Як ҳавопаймои мусофирбарии Покистон зуҳри рӯзи чаҳоршанбе бо 47 мусофир ва хадама дар иёлати Панҷоб сарнагун шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 07, 2016 16:03 Asia/Dushanbe
  • Сарнагунии ҳавопаймои мусофирбарии Покистон

Як ҳавопаймои мусофирбарии Покистон зуҳри рӯзи чаҳоршанбе бо 47 мусофир ва хадама дар иёлати Панҷоб сарнагун шуд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии шабакаи телевизионии Geo TV-и Покистон, ҳавопаймои мусофирбарии Покистон PK-661, ки баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе аз шаҳри Чатрол дар иёлати Хайбар Пахтунхоҳ озими Исломобод – пойтахти ин кишвар буд дар минтақа Ҳавелиан иёлати Панҷоб суқут кард.

Ин ҳавопаймо дорои 47 мусофир ва хадама буд.

Охирин хабарҳо ҳокӣ аст, тамоми мусофирон ва хадамаи парвози ҳавопаймои мусофирбирии Покистон ҷони худро аз даст додаанд.

 Неруҳои имдодрасон ба минтақаи суқути ҳавопаймо эъзом шудаанд.

То кунун ҷузъиёти бештаре аз иллати суқути ин ҳавопаймо мунташир нашудааст.

 Дар соли 2012 низ як ҳавопаймои мусофирбарии Покистон, ки аз Карочӣ озими Исломобод буд, суқут кард ва ҳудуди 130 нафар кушта шуданд.