Ҳамагирии кӯдакозории ҷинсӣ дар Британия
Натоиҷи як таҳқиқ дар бораи кӯдакозории ҷинсӣ дар Британия нишон медиҳад, кӯдакозории ҷинсӣ дар ин кишвар ҳамагир шудааст.
Бар асоси ёфтаҳои ин таҳқиқ, аз ҳар тақрибан 200 кӯдак, 40 кӯдак дар Британия то қабл аз 16 солагӣ қурбонии кӯдакозории ҷинсӣ будааст.
Ин омор ҳамчунин нишон медиҳад дар солҳои ахир, сини озори кӯдакон коҳиш ёфтааст ва мизони озорҳои ҷинсӣ алайҳи кӯдакони зери 4 сол, 45 дарсад афзоиш доштааст.
Дар ин гузориш омадааст, ниҳодҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ барои муҳофизат кардан аз обу рӯи худ, иттиҳомот дарбора кӯдакозории ҷинсиро пинҳон мекунанд.
Ин озорҳо алайҳи кӯдакон, навзодону кӯдакони навпо низ шомил мешавад.
Ин таҳқиқ мустақил дар бораи кӯдакозории ҷинсӣ дар соли 2014 ва дар пайи ифшогариҳои ваҳшатнок дар бораи таъаррузҳои ҷинсӣ ба кӯдакон аз сӯи шахсиятҳои ва шахсиятҳои сиёсӣ оғоз шуд.