Нобоварии бештари амрикоиҳо ба мақомоти кишварашон
Натиҷаҳои як назарсанҷӣ дар Амрико нишон дод 71 дарсад аз мардуми Амрико ба мақомоти кишвари худ нобовар ҳастанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бар асоси охирин назарсанҷии NBC, аксарияти амрикоиҳо муътақид ҳастанд Амрико дар масири иштибоҳе қарор дорад .
Интихоботи миёндавраии ҳаштуми ноябр бахши дигаре аз ин назарсанҷӣ буд, ки дар он амрикоиҳо эълом карданд ин интихобот « муҳимтар » аз интихоботи қаблӣ аст .
Ин назарсанҷӣ нишон медиҳад тақрибан аз се ду ҳиссаи амрикоиҳо ҳамчунон бар асоси хутути ҳизбии худ раъй медиҳанд, ҳатто агар номзади онҳо дорои нуқсӣ ахлоқӣ бошад, ки бо арзишҳои худашон ҳамхонӣ надошта бошад .
Бар асоси ин назарсанҷӣ 77 дарсади амрикоиҳо эътимод доранд, ки раъйшон дар ин интихобот ба таври дақиқ шумориш мешавад, ки ин нишондиҳандаи афзоиши эътимод нисбат ба интихоботи қаблӣ аст .
Дар он замон 60 дарсад аз амрикоиҳо муътақид буданд, ки Ҷо Байден-раиси ҷумҳурӣ ба таври қонунӣ барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шудааст; дар ҳоле ки 33 дарсад аз афрод муътақид буданд ки ин тавр набудааст .