Монеъ шудани Австралия аз боздиди бозрасон аз зиндонҳояш
Бозрасони Созмони Миллали Муттаҳид монеъ шудани давлати Австралия аз боздиди чандин зиндони ин кишварро иттифоқи шармовар хонд ва маҳкум карданд.
Австралия протоколи ихтиёрии конвенсиюни зидди шиканҷа (OPCAT)-ро дар соли 2017 тасвиб кард ва бар асоси он ба ислоҳоти марбут ба масунияти боздоштшудагон ва осонии бозраси аз зиндонҳо мутаъаҳид шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса бозрасони Созмони Миллали Муттаҳид дар қарордори довталабона қасди бозрасии зиндонҳои Австралияро доштанд то аз хушунат зидди боздоштшудагон пешгири кунанд, аммо пас аз монеъ шудани Конбо аз вуруди онҳо ба зиндонҳо, Созмони Миллал маъмурияти ин созмонро дар тасмими ҷидди ба ҳолати таълиқ даровард.
Оиша Муҳаммад бозраси аршад ва қозии додгоҳи оли дар Молдив таъкид кард: Австралия ошкоро таъаҳудоти байналмиллалии худро нақз мекунад.
Ҳамчунин Истиюн Коруно бозраси собиқе, ки вазифаи баррасии иҷрои конвенсиюн зидди шиканҷа (OPCAT) тавассути Австралияро бар уҳда дошт гуфт: Дар ҳақиқат ҳеҷ узр ва тавҷиҳе вуҷуд надорад ва акнун Австралия бояд нисбат ба ин расвоӣ ва иттифоқи шармовар посухгу бошад.