Таҳлил: Риши Сунак; Раҳбари ҷадиди Ҳизби муҳофизакор ва нахуствазири Британия
(last modified Tue, 25 Oct 2022 15:18:31 GMT )
Октябр 25, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Риши Сунак; Раҳбари ҷадиди Ҳизби муҳофизакор ва нахуствазири Британия

Сэр Грэм Брэди, раиси Кумитаи интихоби раҳбари Ҳизби муҳофизакор баъд аз зуҳри душанбе эълом карда, ки Риши Сунак ба унвони раҳбари ин ҳизбу нахуствазири Британия интихоб шудааст.

Дар раъйгирии дарунҳизбӣ Сунак тавонист 157 қонунгузорони Ҳизби муҳофизакорро ба даст оварад дар ҳоле, ки Пенни Мордант танҳо рақиби вай пас аз инсирофи Борис Ҷонсон сирфан 30 раъйи қонунгузорони муҳофизакорро ҳоиз шуд ва пас аз шикаст дар касби орои лозим аз талош барои касби раҳбарии Ҳизби муҳофизакор инсироф дод.

Риши Сунак, аввалин нахуствазири рангинпӯсти Британия, ҷавонтарин нахуствазир аз соли 1812 ва эҳтималан сарватмандтарин нахуствазири таърихи ин кишвар аст. Интизор меравад, вай рӯзи сешанбе қудратро аз Лиз Трасс, нахуствазири мустаъфӣ таҳвил бигирад. Бад-ин тартиб Трассро бояд нахуствазири 50 рӯза номид. Лиз Трасс рӯзи панҷшанбе 20 октябр дар пайи афзоиши фишорҳо барои канорагирӣ аз қудрат ба далели шикасти барномаи иқтисодиаш ва низ афзоиши мухолифатҳои дохилӣ ва интиқодоти хориҷӣ, истеъфои худро эълом кард. Трасс дуюмин нахуствазири ин кишвар пас аз Борис Ҷонсон аст, ки дар тӯли як соли ахир аз мақоми худ канорагирӣ намуд.

Сунаки 42 сола, набераи муҳоҷирони ҳиндиуласл панҷумин нахуствазир аз замони баргузории ҳамапурсии Brexit дар соли 2016 аст, ки оғозгари давраӣ аз ҳарҷу марҷи иқтисодӣ ва сиёсии бесобиқа дар Британия будааст. Сунак, ки асосан таҳлилгари молӣ аст дар соли 2014 ва яксол пеш аз баргузории интихоботи саросарӣ ба унвони номзади Ҳизби муҳофизакор дар курсии Ричмонд Йоркшир интихоб шуд. Сунак аз ҳомиёни хурӯҷ аз Иттиҳоди Аврупо буда ва муддаист, ки Британия дар хориҷ аз ин иттиҳодия «озодтар ва мураффаҳтар» хоҳад буд. Сунак ба тадриҷ маротиби қудратро тай карда ва дар январи 2018 ба унвони як вазири манзил ба давлат роҳ ёфт. Пас аз истеъфои Тереза ​​Мэй, нахуствазири собиқ, ӯ аз Ҷонсон ба унвони танҳо касе, ки метавонист Ҳизби муҳофизакорро «наҷот» диҳад, ҳимоят кард. Замоне, ки Ҷонсон дар июли 2019 ба нахуствазирӣ расид, Сунак тарфеъ пайдо карду вазири дороӣ шуд. Мақоме, ки дар Британия пас аз нахуствазир бисёр аҳамият дошта ва дар воқеъ дуюмин мақоми муҳим пас аз нахуствазир аст. Истеъфои Сунак аз кабинаи Борис Ҷонсон дар моҳи июл, ки дар эътироз ба буҳрони машрӯъият ва короии он рух дод, сароғози хурӯҷи вузаро ва истеъфоӣ Ҷонсон шуд. Сунак дар рақобат барои касби раҳбарии Ҳизби муҳофизакор, дар ҳар як аз панҷ даври раъйгирии порлумонӣ пирӯз шуд то ба ҳамроҳи Лиз Трасс ба мароҳили ниҳоӣ роҳ ёбад. Аммо ниҳоятан дар рақобат бо Трасс шикаст хӯрд. Аммо акнӯн ӯ бори дигар ин шонсро пайдо карда то ба болотарин ҷойгоҳи сиёсӣ дар Британия ва Ҳизби муҳофизакор бирасад.

Акнун Сунак ба унвони нахуствазири Британия бояд бо чолишҳои мутаъаддиде муқобила намояд, ки умдатарини он талош барои муқобила бо буҳрони иқтисодии Британия ва таварруми фазоянда дар ин кишвар аст, ки аз 10 дарсад низ фаротар рафта ва мунҷар ба афзоиши шадиди ҳазинаҳои зиндагӣ бавижа дар заминаи энержӣ шудааст. Афзоиши сарсомовари ҳазинаҳо дар Британия сабаб шуда, ки ҳудӯди 2.3 миллион хонавори бритониёӣ аз пардохти қабзи барқ ва беш аз 1.8 миллион хонавори ин кишвар аз пардохти қабзи гази худ оҷиз бошанд. Питер Смит, мудири умӯри сиёсӣ ва қонӯнӣ дар муассисаи миллии энержӣ мегуяд: «Беш аз ду миллион хонавори бритониёӣ таъхир дар пардохти қабзҳои барқ дошта ва ин мавзӯ боиси нигаронии шадид аст».

Давлати Трасс аз зери бори ҳимоят аз хонаворҳои фақир шона холӣ карда ва масъӯлияти худро дар ин замина коҳиш дод. Ҷереми Ҳант, вазири дороии кабинаи Лиз Трасс ахиран эълом кард, ки барномаҳои давлат барои коҳиши бори қабзҳои барқу газ бар дӯши шаҳрвандони Британия коҳиш пайдо мекунад. Вай иддао кард, ки ин коҳиши ҳимоят ба далели бори сангине аст, ки бар буҷаи давлат доштааст. Аз сӯи дигар Британия акнӯн бо эътисобҳои густардае дар бахши умумӣ мувоҷеҳ аст, ки ҳамин амр зиндагиро барои шаҳрвандони Британия душвортар кардааст.

Дар арсаи хориҷӣ низ Сунак ба унвони нахуствазири ҷадид бояд бо чолишҳои бузурге монанди сиёсати Лондон дар қиболи Русия ва ҷанги Украина, ҳали мушкилоту ихтилофот бо Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯби тавофуқи Brexit ва талош барои эҷоди равобити ҳасана бо Амрико ва Ҷо Байден, ки дар давраи зимомдории Трасс ба далели сиёсатҳои иқтисодии ӯ дучор гусаст шуда, дасту панҷа нарм кунад. Зимни инки мавқеъияти Британия пас аз хурӯҷ аз Иттиҳоди Аврупо чӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва чӣ сиёсӣ дучори таназзул шуда ва Сунак бояд фикре низ барои мавқеъияти рӯ ба заволи Британия дар сатҳи ҷаҳонӣ намояд.