Нигаронии давлати Байден аз шикасти демократҳо
Кохи Сафед аз эҳтимоли шикасти демократҳо дар интихоботи миёндавраии Маҷлиси намояндагони Амрико ибрози нигаронӣ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси омори « Пружаи интихоботи Амрико », Ҳизби ҷумҳурихоҳ эҳтимолан аксарияти курсиҳои Маҷлиси намояндагони Амрикоро аз они худ хоҳад кард .
Дар ин гузориш омадааст, ки Кохи Сафед акнун шанси демократҳоро барои ҳифзи контроли Сенат 50 - 50 медонад .
Бо ин ҳол Байден ҳамчунон муътақидаст, ки демократҳо барои ҳифзи контроли Конгресс шанси болое доранд ва ба ҳамин иллат давлат ошкоро ибрози хушбинӣ мекунад .
Пас аз онки Кэвен Мак Карти-раҳбари кунунии ақаллияти ҷумҳӯрихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико қавл дод агар ин ҳизб дар интихоботи миёндавраӣ аксариятро ба даст оварад аз додани пул ба Киев ҷилавгирӣ мекунад, Байден ибрози нигаронӣ кард, ки Ҷумҳурихоҳон мумкинаст раванди кумакҳо ба Украинаро ба хатар биандозанд .
Дар ин гузориш омадааст ҳамчунин мумкин аст Ҷумҳурихоҳон дар сурати ба даст гирифтани контроли Конгресс, Байденро истизоҳ ва таҳқиқоте дар мавриди муомилоти писараш оғоз кунанд .
Демократҳо саъй бар он доранд битавонанд контрол бар ҳар ду маҷлиси Конгрессро ҳифз кунанд .