Даргирии полиси Фаронса бо кишоварзони муътариз
Даргирии полиси Фаронса бо муътаризон ба сохти як маҳзани бузурги захираи об барои обёрии мазрааҳо дар ғарби Фаронса даҳҳо маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон чандин ҳазор муътариз бо вуҷуди эъломи мамнуъияти тазоҳурот дар маҳали эҳдоси як маҳзани бузурги маснуъии об дар минтақаи рустоӣ Сунатсулин гирди ҳам омаданд ва полис бо истифода аз гази ашковар талош кард онҳоро мутафариқ кунад.
Бахшдори маҳалӣ дар баёнияи эълом кард, ки ба далели партоби куктели мулутуф ва маводи муҳтариқа аз суи бархе аз муътаризон 61 полис захмӣ шуданд, ки ҳоли 22 нафари аз онҳо бад аст дар ин даргири чаҳор нафар аз муътаризон низ захмӣ шуданд.
Морк Фенсо вазири кишоварзии Фаронса дар паёми саифаи маҷозии худ навиш хушунати зидди полисро маҳкум ва аз муътаризон ба далели қасди пешгири аз анҷоми тарҳҳое ки солҳо ба сурати маҳали рушд ёфтааст интиқод кард.
Аз сӯйи дигар гурӯҳе аз аъзои аршади Ҳизби Сабзи Фаронса, ки дар ин тазоҳурот мушорикат доштанд эҷоди ҷави амниятӣ, ки бо басиҷи беш аз 1 ҳазору 500 полис дар баробари муътаризон шакл гирифта будро муқасири ошкор шудан ва шиддат гирифтани ин даргири донист.
Сондрин Русо яке аз аъзои Ҳизби Сабз дар бораи ин ҳодиса гуфт: Ҳамаи ин иттифоқот ба далели қасди дуздидани об дар буҳбуҳаи камбуди об ба вуҷӯд омада аст.