Путин: Бояд ба муноқиша миёни Эреван ва Боку поён дод
(last modified Mon, 31 Oct 2022 14:56:34 GMT )
Октябр 31, 2022 19:56 Asia/Dushanbe
  • Путин: Бояд ба муноқиша миёни Эреван ва Боку поён дод
    Путин: Бояд ба муноқиша миёни Эреван ва Боку поён дод

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард, ки муноқишаи байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон чандин даҳҳа дар ҷараён буд ва акнун бояд онро мутавақиф кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии Рашадуте, Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия дар дидор бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон таъкид кард Эреван хостори поён бахшидан ба даргири аст ва Маскав ба ҳар тариқи аз он ҳимоят мекунад.

Пашинян, ки барои нишасти сеҷониба бо Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Сочи сафар кард дар ин дидор тайид кард ибтикори Маскав барои эҷоди равобит ва сулҳ байни Эреван ва Боку дар Қарабоғ қобили қабул аст.

Кохи Кремл дар бораи нишасти имрузи Сочи эълом карда буд, ки тарафҳо қарор аст раванди иҷроӣ тавофуқҳои сеҷонибаи байни раҳбарони Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар таърихи 9 ноябри соли 2020, 11 январи соли 2021 ва 26 ноябри соли 2021-ро арзёби кунанд.

Бар асоси ин баёния онҳо ҳамчунин дар мавриди гомҳои бештар барои тақвияти субот ва амният дар чануби Қафқоз гуфтугу хоҳанд кард ва масоили муртабит ба аз саргири ва рушди иртиботи ҳамлу нақл, тиҷорӣ ва иқтисодӣ низ маврди барраси қарор хоҳад гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки Пашинян рузи шанбе дар кангреси ҳизби қарордоди маданӣ эълом карда буд, ки дар нишасти Сочи омодаи пазириш ва имзои расмии санад барои дастёби ба тавофуқи аст, ки ба маънии пазириши имзои муъоҳидаи сулҳи байни Эреван ва Боку аст.

Арманистон ва Озарбойҷон пас аз ҷанги Қарабоғ дар соли 2020 ва ақди тавофуқномаи сулҳ борҳо дар минтақаҳои марзи даргири шуданд ва дар ҳар даргири якдигарро ба нақзи оташбас мутаҳам мекунанд бо вуҷуди ҳаракати Эреван ва Боку бароиодисозии равобит танишҳои марзи ҳамчунон идома дорад.