Ноябр 02, 2022 18:34 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Таҳримкунандагони Русия; муштарёни бузурги Маскав шуданд

Рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймс тайи гузорише навишт, бархе аз кишварҳои ғарбии ҳомии таҳримҳои Русия, воридот аз ин кишварро аз моҳи феврали 2022 ба баъд афзоиш додаанд. Кишварҳои блоки Ғарб, ки хариди колоҳо ва маҳсулот аз Русияро ба наҳви қобили таваҷҷуҳе афзоиш додаанд, нақши фаъоле дар мухолифат бо амалиёти низомии ин кишвар дар Украина доштаанд, аз ҷумла метавон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва онҳое ки аз таҳримҳои зидди Русия ҳимоят мекунанд, ишора кард.

Дар ин росто хариди колоҳои русӣ аз сӯи Испания афзоиши 112 дарсадиро сабт карда ва дар айни ҳол содироти Русия ба Белгия 130 дарсад бештар шудааст. Ҳоланд низ воридот аз Русияро 74 дарсад афзоиш дода ва хариди колоҳо ва маҳсулоти русӣ аз сӯи Ҷопон низ 40 дарсад рушд доштааст. Дар ҳоле, ки Олмону Норвегия, воридот аз Русияро ба тартиби 38 ва 21 дарсад афзоиш додаанд. Илова бар ин, кулли мубодилоти тиҷории Русия бо Ҳоланд 33 дарсад, бо Ҷопон 13 дарсад ва бо Белгия 84 дарсад афзоиш ёфтааст. Баназар мерасад, кишварҳои аврупоӣ роҳҳое барои давр задани таҳримҳои Русия ёфтаанд, барои намуна давлати Ҳоланд 91 муҷаввиз барои муъофияти касбу корҳо аз иҷрои таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия содир кардааст. Як сухангуи вазорати хориҷаи Ҳоланд гуфт, ин вазоратхона ба ҳамроҳи вазорати умури иқтисодӣ, дороӣ, зерсохтҳо ва омузишу парвариш, иҷоза ёфтаанд то муъофиятҳое аз таҳримҳо эъто кунанд ва дар мавориде хос дараҷае аз инъитофпазирӣ аз худ нишон диҳанд.

Ин оморҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди ҷанҷоли ғарбиҳо дар бораи ба роҳ андохтани бузургтарин корзори таҳримӣ алайҳи Русия бо ҳадафи мутаваққиф кардани он аз идомаи Амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ва тазъифи иқтисоди Русия ва дар натиҷа мошини ҷангии он, аммо кишварҳои блоки Ғарб худ табдил ба бузургтарин муштариёни Маскав шудаанд. Бо гузашти 8 моҳ аз ҷанги Украина ва эъмоли густардатарин ва бесобиқатарин таҳримҳо алайҳи Русия ба ин баҳона, аммо шавоҳиди кунунӣ ҳокӣ аз шикасти Ғарб дар расидан ба ҳадафи худ, яъне тазъифи Русия ва низ ду дастагӣ дар урдугоҳи Аврупо аст. Дар ин замина рӯзномаи "Гордиан" дар авохири июли 2022 дар матлабе бо баёни инки иқдомоти Ғарб алайҳи Русия натиҷаи акс дода, таҳримҳои Аврупо ва Амрикоро насанҷидатарин сиёсати таърихи кунунии ҳавзаи байналмилал арзёбӣ кард ва навишт: Владимир Путин аз ҳамеша қудратмандтар шудааст. Бо вуҷуди шавоҳиди бисёре, ки нишонгари шикасти таҳримҳо алайҳи Русия аст, ҳанӯз ҳеҷ як аз раҳбарони Ғарб ҷуръати онро надошта, ки таҳримҳоро зери суол бибарад. Чаро ки эътироф ба шикаст ва ё ҳатто тасаввури он ҳам тавҳин ба муқаддасот талаққӣ мешавад. Ғарбиҳо бар ин тасаввур буданд, ки бо таҳримҳои фалаҷкунанда алайҳи Русия метавонанд ба суръат иқтисоди онро нобуд карда ва дар натиҷабахши низомии ин кишвар ҳам аз тавлиди таслеҳот ва низ нерӯҳои русии мустақар дар Украинаро ба тангноҳо ва маҳдудиятҳои шадид рубарӯ созанд ва дар натиҷа тавозуни қуворо ба нафъи неруҳои украинӣ дар ҷабҳаҳои ҷанг дар ин кишвар рақам бизананд.

 

Барчасп