Улянов: Масоили ҳастаии Эрон қобили ҳал аст
Намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена гуфт, масоили боқимондаи марбӯт ба барномаи ҳастаии гузаштаи Эрон ба суръат аз тариқи гуфтугӯ қобили ҳаллу фасл аст.
Михаил Улянов дар паёме навишт: Аз ҳамкорони эрониам хостам, бо дабири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ройзаниҳои созандае дошта бошанд, мутмаин ҳастам, ки масоили боқимондаи марбут ба барномаи ҳастаии гузаштаи Эрон метавонад ба суръат аз тариқи гуфтугӯ ҳал шавад.
Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо, ки аз 27 декабри 2021 оғоз шуд, 11 марти 2022 ба пешниҳоди масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо вориди як давра танаффус шуд ва музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.
Даври ҷадиди музокироти рафъи таҳримҳои Эрон пас аз вақфаи панҷмоҳа, чаҳоруми августи 2022 дар шаҳри Вена оғоз шуд ва ин музокирот пас аз чаҳор рӯз, ҳаштум август бо бозгашти ҳайатҳо ба пойтахтҳо поён ёфт.
Баргузории ин давр аз музокирот дар пайи он сурат гирифт, ки масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар рӯзномаи !Файнешнл Таймс” иддао кард, бастаи пешниҳодии ҷадиде рӯйи миз гузошта шуда, ки шомили роҳкорҳои барӯз дар бораи рафъи таҳримҳову гомҳои ҳастаии Эрон аст.