Имрон Хон захмӣ шуд
(last modified Thu, 03 Nov 2022 15:34:10 GMT )
Ноябр 03, 2022 20:34 Asia/Dushanbe
  • Имрон Хон захмӣ шуд

Нахуствазири собиқи Покистон дар тирандозии як фарди мусаллаҳ ба корвони вай захмӣ шуд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Исломобод, Имрон Хон-нахуствазири собиқи Покистон имрӯз панҷшанбе бар асари тирандозии як фарди мусаллаҳ ба корвони вай захмӣ шуд .
Фарди муҳоҷим боздошт ва дар ин ҳамла як нафари дигар ҳам захмӣ шуд .
Имрон Хон ахиран борҳо Амрикоро ба дахолат дар умӯри дохилии Покистон ва тағйири давлат дар ин кишвар муттаҳам карда буд .
Дар ҷадидтарин таҳаввулоти сиёсии Покистон ва бо тавваҷуҳ ба натоиҷи расмӣ, ки рӯзи душанбеи гузашта мунташир шуд, Имрон Хон-нахуствазири собиқи Покистон барандаи интихоботи миёндавраии Покистон шуда буд . Имрон Хон қаблан аз маҷмӯи ҳашт интихоботи миёндавраӣ шахсан дар шаш давраи он ширкат кардаву пирӯз шуда буд . Ҳадаф аз ин созукор нишон додани ин мавзӯ ҳаст, ки то чи ҳад вай миёни мардум маҳбуб ҳаст .

Барои як номзади интихоботӣ дар Покистон ин имкон вуҷуд дорад то барои касби чандин курсӣ худро номзад кунад . Чунончӣ ӯ дар ҳавзаҳои мухталиф интихоб шавад, яке аз ҳавзаҳоро ба унвони намоянда интихоб мекунад ва сипас дар соири ҳавзаҳо раъйгирии нав ташкил мешавад .