Нахуствазири Британия: Давлат ҳалкунандаи тамоми мушкилоти мардум нест
(last modified Sat, 05 Nov 2022 14:11:56 GMT )
Ноябр 05, 2022 19:11 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Британия: Давлат ҳалкунандаи тамоми мушкилоти мардум нест

Нахуствазири Британия дар буҳбуҳаи мушкилоти амиқи молӣ ва рукуди иқтисодӣ дар ин кишвар тасреҳ кард, ки мардум набояд таваққуъ дошта бошанд, ки давлат ҳалкунандаи тамоми мушкилоти онҳо бошад.

Риши Сунак, нахуствазири Британия дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Таймси Лондон, ки рӯзи шанбе мунташир шуд, гуфт, ки талош мекунад то дар бораи абъоди мушкилоти иқтисодии кишвар бо мардум содиқ бошад.

Сунак дар нахустин мусоҳибаи худ аз замоне, ки нахуствазир шудааст, эътироф кард, ки эътимод ба Ҳизби муҳофизакор ба далели барномаи иқтисодии ҷанҷолии давлати қабл осеб дидааст. Нахуствазири Британия вазифаи худро бозгардондани эътибори иқтисодӣ ва ҷалби эътимоди умумӣ донист ва иддао кард, ки мардум мутаммим(комилкунанда)-и буҷетро, ки ҳафтаи оянда ба маҷлиси ироа, «одилона ва дилсӯзона» арзёбӣ хоҳанд кард.

Комилкунандаи  буҷети давлат қарор буд шаш рӯзи пеш (31 октябр) ироа шавад, ки бо суқӯти давлати Лиз Трасс ба таъвиқ афтод. Риши Сунак ва вазири дороиаш, ки ин рӯзҳо саргарми пайдо кардани роҳе барои пур кардани касрии 50 миллиард фундии буҷет ҳастанд, санади ҷадидро 17 ноябр ироа хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Британия ба гуфтаи раиси Бонки марказии ин кишвар вориди як давраи тӯлонии рукуди иқтисодӣ шудааст.

Эндрю Бейли ду рӯзи пеш дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки Британия бо як рукӯди ду солаи "бисёр чолишбарангез" мувоҷеҳ аст ва  нархи бекорӣ то соли 2025 тақрибан ду баробар хоҳад шуд.

Нахуствазири Британия ҳамчунин таваррумро душмани шумораи як тавсиф кард ва гуфт: «Ман комилан нигаронии мардум дар мавриди қарзи манзилро дарк мекунам. Ин яке аз бузургтарин қабзҳое аст, ки мардум пардохт мекунанд.»