Тирандози дар Мэриланд ва Флоридаи Амрико бо 9 кушта
Дар пайи тирандози дар иёлатҳои Мэриланд ва Флоридаи Амрико 9 нафар кушта шуданд.
Амрико бо мавҷи аз хушунат, гаравгонгири ва ҳамалоти мусалаҳона ру ба ру аст, солона ҳазорон нафар бар асари тирандози дар минтақаҳои мухталифи Амрико кушта ва ё захми мешаванд.
Тахминзада мешавад, ки ба азои ҳар 100 амрикоӣ ҳудуди 120 аслиҳа дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки табиъатан ин амр сабаби афзоиши истифода аз силоҳ ба далилҳои мухталиф аз ҷумла масоили равонӣ то шуғли ва низ интиқомгириҳои шахи, хонаводагӣ ва иҷтимоъӣ мешавад.
Ба гузориши раидиои тоҷикии Садои Хуросон полиси иёлати Мэриланд бо интишори баёнияе эълом кард, ки пас аз дарёфти гузориши мабни бар шунидашудани садои тирандози аз як хона ба маҳали ҳодиса рафта ва бо панҷ ҷасад муваҷаҳ шуданд.
Ба гуфтаи полис қотил аввал 4 нафарро дар ин хона ба қатл расонд ва сипас худкуши карда аст.
Дар тирандозии иёлати Флорида низ полис ҳангоме, ки ба маҳали ҳодиса расид бо ҷасади 3 зан ва як кудак ру ба ру шуд.
Муқоисаи оморҳои хушунат бо силоҳ миёни Амрико ва дигар кившарҳои ҷаҳон Амрикоро кишвари комилан истиснои нишон медиҳад бо ин ки Амрико ҳудуди 5 дарсад аз ҷамъияти дунёро ташкил медиҳад наздик ба 31 дарсад аз касоне, ки муртакиби кушторҳои ҷамъи бо силоҳ мешавандро ба худ ҷой дода аст.