Ноябр 06, 2022 18:37 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи миёндавраи дар Амрико қарор аст рӯзи 8-уми ноябр баргузор шавад
    Интихоботи миёндавраи дар Амрико қарор аст рӯзи 8-уми ноябр баргузор шавад

Бо идомаи ҷанги Русия ва Украина ва эҳдои кумакҳои миллиардҳо долларии Амрико ба Украин тайи моҳҳои гузашта барои муқобила бо Русия, идомиаи ин кумакҳо бо тардид мувоҷеҳ шудааст. Бо наздик шудан ба замони интихоботии миён давраии Амрико , Ҷумҳӯрихоҳони аршади Амрико ҳушдор доданд дар сурати дар ихтиёр гирифтани Конгресси , кумак ба Украинаро коҳиш медиҳанд.

Марҷори Тейлор Грин узви Ҷумҳӯрихоҳи Маҷлиси Намояндагон дар ин замина таъкид кард: Даврони ҳокимияти Ҷумҳӯрихоҳон як пуни ҳам кумак ба Украина анҷом нахоҳад шуд.

Интихоботи миёндавраи дар Амрико қарор аст рӯзи 8-уми ноябр баргузор шавад. Интихоботе, ки сарнавишти ду солаи поёндавраи раёсат Ҷумҳӯрии Ҷу Байденро рақам хоҳад зад. Дар ин итихобот рай диҳандагони амрикоӣ кулли Маҷлиси Намояндагон ва як саввуми аз азои Маҷлиси Саноро интихоб хоҳанд кард мавзӯъе, ки метавонад мавозанаи қуво дар Конгресси Амрикоро ба нафъи Ҷумҳӯрихоҳон тағир диҳад.

Демокротҳо ҳамакнун дар ҳар ду Маҷлиси Намояндагон ва Сано аксарияти шиканандае доранд ва таҷрӯбаи интихоботии пешин нишон медиҳад ҳизби Раиси Ҷумҳӯрии Амрико ба таври сунати дар интихоботи миёндавраи бахти зиёде барои пирӯзӣ надоранд чаро,, ки рай диҳандагон ағлаб ба ҳизбии рақиби он рай медиҳанд.

Ин интихобот, интихоботи муҳим ба вижа дар ростои сиёсати хориҷии Амрико дар қиболи ҷанги  Русия ва Украина маҳсуб мешавад. Ин кишвар таи нуҳ моҳи гузашта миллиардҳо доллар барои кумак ба Украина ихтисос додааст. Дар ин росто дар тозатарин иқдом, Вазорати дифоъи Амрико , бастаи низомии ҷадид шомили 45 тонки 72, 250 нафарбари зареҳии ем-1117 та як ҳазору 100 паҳподи Phoenix Ghost-ро ба баҳонаи ҷанг дар Украина ба ин кишвар ирсол кардааст.

Вашингтон ба Украина ба мусобаи кишварӣ менигарад, ки аз тариқи он метавонад ба аҳдофи дерпояи худ алайҳи русия ва ба вижа Владимир Путин Раиси Ҷумҳӯрии ин кишвар, ки аз мухолифони сарсахти аҳдофи тавсиаталабонаи Иёлоти Муттаҳида шумурда мешавад даст ёбад.

Акунун дар Аврупо низ нигарониҳо бар сари идомаи кумакҳои Амрико афзоиш ёфтааст, Тобиас Эллвуд аз намояндагони аршади парлумони Британия, ки раиси куқитаи мунтахаби дифоъӣ дар парлумон дар ин замина гуфт: Агар Амрико ақаб бикашад, Путин метавонад аз миёни овораҳои шикаста пирӯзиро берун бикашад.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп