Июл 28, 2016 15:10 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳуроти мардуми Баҳрайн дар ҳимоят аз Шайх Исо Қосим

Мардуми Баҳрайн дар идомаи маҳкӯмияти муҳокимаи Исо Қосим, рӯҳонии аршади шиаи Баҳрайн аз тарафи режими Оли Халифа дар манотиқи мухталифи ин кишвар тазоҳурот карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии ал Луълуи Баҳрайн, аҳолии манотиқи мухталифи Баҳрайн дишаб (чаҳоршанбе) пас аз иқомаи намози мағриб, муҳокимаи шайх Исо Қосимро, ки баргузор шуд, маҳкӯм карданд.

Баҳрайниҳо дар ин тазоҳурот бо сар додани шиорҳо, таваққуфи муҳокимаи шайх Қосим ва озодии зиндониёни сиёсиро аз зиндони режими Оли Халифа хостор шуданд.

Додгоҳи Баҳрайн дирӯз (чаҳоршанбе) аввалин ҷаласаи додгоҳи муҳокимаи  Исо Қосим-рӯҳонии шиаи Баҳрайнро дар ғиоби вай баргузор, аммо расидагӣ ба иттиҳом зиддӣ вайро ба 14 август мавкӯл кард.

Аҳмад Адусарӣ-додситони Баҳрайн иддао кардааст, ки шайх Қосим муттаҳам ба ҷамъоварии амвол бидуни муҷаввиз аст, аммо Абдуллоҳ Шамловӣ,  ҳуқӯқдон ва вакили додгустарӣ, иттиҳомҳои ворида ба ин олими барҷастаро мухолифи модаи 22-и "Қонуни асосӣ", зикр кард.

Пас аз салби тобеият аз шайх Қосим, беш аз як моҳ аст, ки шиаён дар Баҳрайн хашмгин ҳастанд,

Аммо эъломи муҳокимаи ин рӯҳонии барҷастаи баҳрайнӣ, мавҷи ҷадиде аз хашм ва нороҳатӣ дар байни шиаён ба вуҷӯд овардааст.

Барчасп