Фаъоли яманӣ дар Амрико ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i93740-Фаъоли_яманӣ_дар_Амрико_ҳадафи_сӯиқасд_қарор_гирифт
Раиси минтақаии Созмони аврупоии ҳуқуқи башар, ки дар Амрико ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт, Арабистонро масъӯли террори худ муаррифӣ кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 08, 2022 13:57 Asia/Dushanbe
  • Фаъоли яманӣ дар Амрико ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт

Раиси минтақаии Созмони аврупоии ҳуқуқи башар, ки дар Амрико ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт, Арабистонро масъӯли террори худ муаррифӣ кард .

Ба гузориши рӯзи сешанбеи Алхабар аляманӣ, Муҳаммад Алзубайдӣ-фаъоли яманӣ ва раиси минтақаиии Созмони аврупоии ҳуқуқи башар дар Амрико бо як модаи шимиёии сӯзонанда, ки рӯйи вай пошида шуд, ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт .
Алзубайдӣ гуфт бар асари ин ҳодиса дучори « сӯхтагии сатҳӣ, таварруми чашмону тангии нафас шуд .
Ин фаъоли яманӣ лобии саъӯдиро омили террори худ муаррифӣ карду афзуд ба иллати талош барои расво кардани ҷиноёти кишварҳои эътилоф дар Яман ҳадафи ин амалиёт қарор гирифтааст ; бавижа инки таи ҳафтаҳои ахир ба ҳамроҳи фаъолоне аз фаъолони саъӯдӣ хостори баргузории ташаккули « озодагони Яман » дар хориҷ бо ҳадафи маҳкумияти ҷиноёти Арабистон дар ҳаққи бегуноҳон шудааст .