Декабр 09, 2016 18:23 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Кореяи ҷанубӣ раисиҷумҳурро пурсуҷӯ кард

Саранҷом тарҳи истезоҳ ё пурсуҷӯи Порк Гун Ҳой, раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ дар порлумони ин кишвар тасвиб шуд.

Расонаҳои Кореяи ҷанубӣ эълом карданд, 234 намоянда аз маҷмӯи 300 намояндаи парлумони ин кишвар рӯзи ҷумъа ба тарҳи истезоҳи Порк Гун Ҳой раъйи мувофиқ доданд ва ба ин тартиб, раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ муваққатан аз вазифа озод шуд.

Бо вуҷуди раъйи намояндагони парлумони Кореяи ҷанубӣ ба тарҳи истезоҳи раиси ҷумҳурии ин кишвар, додгоҳи қонуни асосӣ тасмими ниҳоиро дар ин робита хоҳад гирифт.

Интизор меравад, додгоҳи қонуни асосии Кореяи ҷанубӣ тайи ҳудуди 180 рӯз ба раъйи мусбати парлумон ба тарҳи истезоҳи Порк Гун Ҳой расидагӣ ва онро таъйид кунад.

То замони эъломи натиҷаи ниҳоӣ аз сӯйи додгоҳи қонуни асосӣ, нахуствазир ба унвони раиси ҷумҳурии муваққат ифои нақш мекунад.

Порк Гун Ҳой имрӯз зимни узрхоҳӣ аз мардуми Кореяи ҷанубӣ эълом кард, барои раъйе, ки додгоҳи қонуни асосӣ пас аз баррасии истезоҳ медиҳад, омода хоҳад буд ва бо додситонӣ ва таҳқиқоти онҳо дар бораи иттиҳомоти фасоди молии дӯсти қадимиаш Чуй Сун Сел ҳамкории лозимро ба амал хоҳад овард.

Пештар низ раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ ду бор бо ҳузур дар телевизиони ин кишвар аз мардум узрхоҳӣ кард ва гуфт, ки барои муҳокима омода аст.

Порк Гун Ҳой тайи ҳафтаҳои ахир бо эътирози густурдаи мардуме, ки барканории ӯро хостор буданд, рӯбарӯ шуда буд.

Мақомоти додситонии Кореяи ҷанубӣ мегӯяанд, Порк Гун Ҳой бо дӯсти деринаи худ барои тамаъҷӯӣ аз ширкатҳо ҳамдастӣ доштааст.

 Порк ҳамчунин муттаҳам аст, ки ба ин фард иҷоза дода дар тасмимоти давлат эъмоли нуфуз кунад.

 

Барчасп