Декабр 09, 2016 20:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори намояндаи парлумони Аврупо дар бораи нақзи БАРҶОМ

Намояндаи парлумони Аврупо дар бораи паёмадҳои манфии нақзи БАРҶОМ ҳушдор дод.

Шон Келли, сиёсатмдори ирландӣ ва узви парлумони Аврупо дар мусоҳиба бо “Пресс ТВ” гуфт, тазъифи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) авоқиби хатарноке барои Ховари миёна ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

 Ин узви парлумони Аврупо ибрози умедворӣ кард, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико дидгоҳи худро дар бораи БАРҶОМ тағйир диҳад.

 Ба гуфтаи ин узви парлумони Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо бояд иқдомоти бештаре барои ҷилавгирӣ аз нақзи БАРҶОМ ба кор бандад.

Доналд Трамп дар муборизоти интихоботии худ зимни интиқод аз тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва кишварҳои узв гурӯҳ 5+1 эълом карда буд, агар раисҷмҳури Амрико шавад, ин тавофуқро пора хоҳад кард.

 

Барчасп