Идомаи газофагуҳои Байден инбор дар Камбоча
Раиси Ҷумҳурии Амрико ба ҷои Камбоча ба иштибоҳ аз Колумбия бобати мизбонии нишасти иттиҳодияи кишварҳои ҷануби шарқии Осиё ташакур кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико рузи шанбе дар Пномпени пойтахти Камбоча хитоб ба раҳбарони ширкаткунанда дар нишасти иттиҳодияи кишварҳои ҷануби шарқии Осиё гуфт: Мизбонии аз шумо дар кохи Сафед ва акнун, ки дар Камбоча дубора канори ҳам ҳастем ифтихор аст.
Амрико 12 то 13 май мизбони кишварҳои узви иттиҳодияи ҷануби шарқии Осиё мавсум ба " ASEAN " буд.
Байден идома дод: Мехоҳам аз нишасти вазирони муҳтарами Колумбия ба хотири қабули масуълият ва раёсати ASEAN ташакур кунам.
Раиси Ҷумҳурии Амрико қабл аз азимат ба ин нишаст низ як бор ба ҷои Камбоча, Колумбияро ба забон овард, ки билофосила иштибоҳи худро ислоҳ кард.
Раиси Ҷумҳурии Амрико ҳамчунин дар суханони ифтитоҳияи пеш аз дидор бо раҳбарони ASEAN гуфт, ки омода аст бо онҳо дар бораи ҷанги Русия зидди Украина ва талошҳои Амрико барои расидагӣ ба таъсироти ҷаҳонии ҷанг аз ҷумла дар ҷануби шарқи Осиё гуфтугу кунад.