Ноябр 15, 2022 18:59 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Дархости Амрико аз Украина барои музокира бо Русия

Бо тулонӣ шудани ҷанги Украина афзоиши буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодии ношӣ аз он, Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Ҷо Байден, раисиҷумҳурии Амрико ба Владимир Зеленский, раисиҷумҳурии Украина тавсия кард, нисбат ба музокироти эҳтимолӣ бо Русия мавзеъи воқеъбинона дошта бошад.

Салливан аз Зеленский ва мақомоти Украина хост то авлавиятҳои воқеъбинонаро барои гуфтугӯҳо тадвин карда ва барои бозгардондани кантроли Қрим, таҷдиди назар кунанд.

Амрико раҳбарии корзории ҳамаҷонибаи Ғарб алайҳи Русияро пас аз оғози ҷанги Украина дар феврали 2022 бар ӯҳда гирифта ва дар ин росто зимни иттихози мавозеъи бисёр тунд ва бесобиқа алайҳи Маскав, эътилофе густарда аз кишварҳои ғарбиро барои эъмоли шадидтарин таҳримҳо алайҳи Русияро шакл додааст. Ин таҳримҳо шомили таҳрими сиёсӣ ва дипломатӣ ва иқтисодии Русия будааст. Аммо эъмоли ин таҳримҳо ба унвони сиёсати танбеҳӣ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ, сабаби афзоиши қимати сӯхт ва таваррум дар Аврупо ва Амрико шудааст. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ сиёсати кантролу тазъифи Маскавро роҳбурди баландмуддати Ғарб донист ва эълом кард, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав, зарбаи мӯҳлике ба тамоми иқтисоди ҷаҳон ворид хоҳад овард.

Акнӯн бо гузашти ҳудӯди 9 моҳ аз ҷанги Русия ва Украина, Русия муваффақ шуда манотиқеро ба ин кишвар мулҳақ кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки умеди Амрико ва НАТО ин буд, ки украиниҳо ба мадди кумакҳои таслеҳотии Ғарб хоҳанд тавонист раванди ҷангро тағйир дода ва Маскавро ба ақибнишинӣ аз кулияи манотиқ дар шарқу ҷануби Украина водор намоянд. Аммо дар амал, ҷуз бархе пешравиҳои артиши Украина дар ҷабҳаи Хорков дар шарқ ва Херсон дар ҷануб, ин иттифоқ рух надодааст.

Амрико, ки аз ибтидо ҳомӣ ва мушаввиқи ҷанги Украина бо Русия буд, акнӯн бо муъзалоти бисёре рӯбарӯ шудааст. Бо қудрат гирифтани ҷумҳурихоҳон дар Амрико, онон эълом кардаанд, ки ҳазинаҳои ҷанги Украинаро пардохт нахоҳанд кард.

Марджори Тейлор Грин, узви ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагон дар ин замина мегуяд: Даврони ҳокимияти ҷумҳурихоҳон кумак ба Украина анҷом нахоҳад шуд.

Аз сӯи дигар шароити иқтисодӣ дар Амрико низ муносиб несту нишонаҳои рукуд дар Иёлоти муттаҳида низ буруз кардааст. Буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои аврупоӣ низ ба муъзале ҷиддӣ табдил шудааст. Гаронии сӯхт ва афзоиши таваррум, пешбиниҳои иқтисодии ин кишварҳоро ба ҳам задааст ва эътирозоти иҷтимоӣ алайҳи сиёсати давлатӣ, аз ҷумла кумакҳои молӣ ва таслеҳотӣ ба Украина боло гирифтааст. Олмон бузургтарин иқтисоди Иттиҳоди Аврупо маҷбур шудааст, ки 200 миллиард евро барои кумак ба масрафкунандагону ширкатҳои зиёндида дар натиҷаи афзоиши қимати сӯхт ихтисос диҳад ва тавлиди нохолиси дохилии Фаронса ва Испания дар се моҳаи гузашта коҳиш ёфтааст. Миёнгини таваррум низ дар минтақаи Евро дар октябр ба 10.7 дарсад расид, ки як рекорд башумор меояд.

Ба ҳар ҳол, ба рағми шиорҳои Байден ва Аврупо дар бораи тадовуми ҳимоят аз Украина, баназар мерасад бо ошкор шудани асароти манфии ҷанги Украина бар иқтисоди кишварҳои ғарбӣ ва сарфи миллиардҳо доллар ҳазина барои ҷанге, ки ҳеҷ чашмандози равшане бар он мутасаввир нест, акнӯн Вашингтон дар талош аст то тупро ба замин Украина андохта ва дар қолаби тавсия, ин кишварро ба анҷоми музокира барои тавофуқ ва поёни ҷанг, ташвиқ кунад. Таъкиди мушовири амнияти миллии Амрико бар музокира бо Николай Патрушев ҳамтои русиаш бо ҳадафи маҳдӯд кардани хатари густариши ҷанг дар Украинаро низ бояд дар ин росто арзёбӣ мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп