Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ; Амрикову Уэлс ба тасовӣ ризоят доданд
(last modified Tue, 22 Nov 2022 05:20:29 GMT )
Ноябр 22, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ; Амрикову Уэлс ба тасовӣ ризоят доданд

Дар дидори дувуми ҳафтаи аввали гуруҳи B-и Ҷоми ҷаҳонӣ, тимҳои Амрико ва Уэлс ( рақибони Эрон ) бо натиҷаи як бар як ба тасовӣ ризоят доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин бозӣ барои Амрико Тимоти ва дар дақиқаи 36 голзанӣ кард ва голи тими миллии Уэлсро Гарет Бейл дар дақиқаи 82 аз рӯйи нуқтаи пеналти ба сабт расонд .
Бо ин тасовӣ тими миллии Амрико ва Уэлс якимтиёзӣ шуданд то ҳама чиз барои роҳёбӣ ба даври баъдӣ ба бозиҳои оянда кашида шуд.
Тими миллии Уэлс рӯзи ҷумъа аз соъати 13 : 30 бо тими миллии Эрон дидор хоҳад кард ва дар дигар дидори ин гуруҳ Амрико бо Англия рӯбарӯ хоҳад шуд .